ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ИНСОН – МЕҲВАРИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Намояндагии Ваколатдор оид ба қуқуқи инсон дар ВМКБ тасмим гирифтааст, ки ба ифтихори “Рӯзи байналмиллалии ҳуқуқи инсон”, ки ҳамасола санаи 10 декабр ҷашн гирифта мешавад, мизи мудаввар баргузор намояд ва барои дар сатҳи баланд гузаронидани ин чорабинӣ намояндаҳоро аз мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ даъват намудааст.

Ҳуқуқи инсон – маҷмӯи ҳуқуқ ва уҳдадориҳои инсон мебошад, ки вазъи ҳуқуқии инсонро нисбат ба давлат, имконият ва талаботҳояшро дар соҳаи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, маданӣ муайян мекунад.

Чуноне, ки ба ҳамагон маълум аст аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дувоздаҳ сол сипари шуд. Қонуни мазкур бо мақсади дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис додани мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон қабул гардида, тартиби ба вазифа таъин ва аз вазифа озод кардани ваколатдор, салоҳият ва шаклҳои фаъолияти мақомоти мазкурро барои ҳимоя ва инкишофи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон муайян менамояд.

Яке аз тағиру иловаҳое, ки 22 июни соли 2003 ба Конститутсияи ҶТ ворид карда шуд, ин арзиши олӣ эътироф кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон мебошад. Инсон дар Тоҷикистон арзиши олӣ эълон шуда, шинохти тамоми арзишҳои дигарро дар доираи манфиат ва манзалати он имконпазир мегардонад. Ҳеҷ як манфиат, неъмат ва дороӣ аз инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ боло буда наметавонад. Ҳама чиз дар давлат ва ҷомеа барои қонеъ гардонидани талаботи инсон равона шудааст. ин нуқта дар Конститутсияи ҶТ ба он хотир таъкид шудааст, ки таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ онро собит сохтааст. Давлат ҳуқуқу озодиҳои инсонро арзиши олӣ эътироф карда, масъулияти таъмини онро ба зиммаи мақомоти давлатӣ вогузор менамояд.

“Ҳаёт, қадр,номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд” ҳаёт, зиндагӣ ва умри инсонро дар назар дорад, ки аз муҳимтарин ҳуқуқи инсон буда, бидуни он дигар ҳуқуқҳо вуҷуд дошта наметавонанд. Аз ин хотир, зери мафҳуми ҳуқуқ ба ҳаёт ҳуқуқи инсон ба зиндагӣ, зуҳуроти вуҷуди инсон фаҳмида мешавад ва касе ӯро аз ҳаёт маҳрум карда наметавонад. Маҳрум кардан аз ҳаёт бо роҳи қонунӣ аз тариқи ҳукми қатл нисбат ба ҷинояткор сурат мегирифт, аммо татбиқи он бо Қонуни ҶТ “Дар бораи боздоштани татбиқи ҷазои қатл” аз 15 июли соли 2004 ба муҳлати номуайян боздошта шуд. Ҳокимияти судӣ ҳамчун шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ дар самти ба амал баровардани адолати судӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати давлату муассисаҳо ва таъмини тартиботу қонун фаъолияти муназзами худро ба роҳ мондааст. Бо дарназардошти муҳим будани нақши мақоми судӣ дар бунёди ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд, мустаҳакам кардани қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон Фармони Президенти ҶТ аз 14 апрели соли 1997 “Дар бораи баъзе тадбирҳо оид ба таъмини мустақилияти ҳокимияти судии ҶТ” қабул гардид, ки ин санад дар рушди ҳокимияти судӣ нақши босазои худро гузошт.

Ҳокимияти судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон эълон намудаанд, ҳифз менамояд.

Тибқи моддаи 5 Қонуни конститутсионии ҶТ “Дар бораи судҳои ҶТ” Ҳар кас кафолати ҳифзи судӣ дорад. Ҳар шахс ҳуқуқ дорад талаб намояд, ки парвандаи ӯро суди босалоҳият, мустақил ва беғараз, ки тибқи қонун таъсис ёфтааст, баррасӣ намояд.