БАРАССИИ ПАРВАНАИ ҶИНОЯТӢ

Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ҳайати раисикунанда судяи Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Абдуғафурӣ Анварҷон дар маҷлиси ошкорои сайёри судӣ дар бинои «Маркази ҷавонон»и шаҳри Хоруғ 21-юми майи соли 2026 парвандаи ҷиноятӣ нисбати шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи ноҳияи Рӯшон бо моддаҳои 247 қисми 2 банди «в» ва 255 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиноятҳои қаллобӣ, яъне тасарруфи молу мулки ғайр ё ба даст овардани ҳуқуқ ба молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ё сӯистифодаи боварӣ, бо расонидани зарари ҷиддӣ ба шаҳрванд ва қасдан несту нобун ё вайрон кардани молу мулки ғайрро содир намудааст, мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор дода, ҳукм кард. Номбурда бо моддаҳои 247 қисми 2 банди «в» ва 255 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазо дар доираи қонун таин карда шудаст.