БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ҲАРМОҲАИ СУДЯҲОИ СУДИ ВМКБ ВА ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ОН

Санаи 29 уми майи соли 2026 дар бинои суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон семинари моҳи майи соли 2026 аз ҷониби раиси суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо иштироки судяҳои суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, раисон ва шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судяи суди ҳарбии гарнизони Хоруғ баргузор гардид.

Дар семинари мазкур Раиси суди ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ғарибшозода Раҳимшо Қиматшо дар мавзӯъи Омузиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ», судяи суди ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Кишварзода Каюмарс Абдурашид дар мавзӯъи «Иштирокчиёни истеҳсолоти парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои онҳо» мутобиқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва судяи суди ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Муқаиршо Атригул Амонулло дар мавзӯъи «Баррасии парвандаҳо оид ба ворид намудани ислоҳ, тағирот ва иловаҳо ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон» маъруза кардаанд. Аз ҷониби судяи суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Назри Муҳаммадвали ба мавзӯъҳои маърузашуда хулоса дода шуд.