ТАНЗИМ – САРЧАШМАИ РӮЗГОРИ БОСАОДАТИ МАРДУМ

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарофати истиқлолияти давлатӣ имкон пайдо намуд, ки аз таҷрибаи ғании таърихию қадимии худ истифода бурда, фаъолиятро баҳри обод гардонидани ин сарзамин ва зиндагии орому осудаи мардум ба роҳ монад. Таърих гувоҳ аст, ки миллати тоҷик ба гузаштаи пурифтихори худ арҷ гузошта, расму ойин ва анъанаҳои неки гузаштагонашро эҳтиром, ҳифзу гиромӣ дошта, мекӯшад то онҳоро ба наслҳои оянда ба мерос гузорад. Баъди ба як низоми орому осуда ва босубот даромадани ҳаёти кишвар, кулли мардуми Тоҷикистон имкон пайдо намуд, ки расму ойин ва маросимро бо тарзи ба худ хос таҷлил намуда, ба онҳо арҷгузорӣ кунад. Вобаста ба ин зарурати баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ба миён омад. Дар ин самт нақши Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 апрели соли 1997 “Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 августи соли 1997 “Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ”-ро зикр намудан бамаврид аст, зеро дар тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва баланд гардидани маърифати ҳуқуқии онҳо ин санадҳо самарабахш арзёбӣ мегарданд.

Вобаста ба боло рафтани сатҳи зиндагӣ, мардуми кишвар солҳои охир имкон пайдо намуданд,ки тӯю маърака ва ҷашну маросими худро бошукӯҳ ва дабдабанок ташкил намоянд. Дар ин замина ба исрофкорӣ, инчунин харҷи аз ҳад зиёди пулию молӣ роҳ дода мешуд, ки ин ҳолат танҳо ба хотири худнамоӣ ва худро дар ҷомеа аз дигарон воло ҳисобидану баланд гузоштан арзёбӣ мегардид. Аз ин рӯ, баъди муҳокимарониҳои васеъ ва пешниҳодҳои бешумори шаҳрвандон маҳз бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  8 июни соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул гардид. Мақсади асосии қонуни мазкур таъмин намудани нуфузи бештари суннатҳои фарҳангиву арзишҳои мардумӣ ва боз ҳам устувор гардонидани пояҳои давлатдории миллӣ буда, он мавриди амали худ дар самти ба низому тартиб даровардани ҷашну маросимҳои милливу динӣ нақши барҷаста гузошт.

Баъд аз қабули қонуни мазкур аён гардид, ки он дар самти ҳифзи анъанаҳои мардумӣ ва ҳалли бисёр мушкилоти ҳаётан муҳими ҷомеа заминаи мусоид фароҳам овардааст. Ин Қонун ҷашну маъракаҳо ва расму ойинҳоро дар кишвар ба низом дароварда, барои ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ асос гузошта, суннатҳои диниву мардумиро ба танзим даровард. Гузашта аз ин пеши роҳи хурофоту таассуб, худнамоиву зоҳирпарастӣ ва исрофкориву зиёдаравӣ гирифта шуда, ба ҷорӣ гардидани низому тартиботи ягонаи баргузории чорабиниҳои милливу мардумӣ роҳ кушод.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” яке аз қонунҳои миллие мебошад, ки бо мақсади ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром гузоштану пос доштани суннатҳои халқи тоҷик ва ҳамзамон баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти таклифу дархостҳои мардум таҳия гардидааст.

Анъана ва одатҳои халқи тоҷик дар давоми асрҳо ташаккул ёфта, то ба имрӯз дар ҷумҳуриамон ҳамчун ҷашнҳои миллӣ қайд карда мешаванд. Аз он ҷумла Наврӯз, Меҳргон, Сада ва даҳҳо дигар ҷашну маросим гувоҳи ин гуфтаҳо мебшанд. Мардуми мо як қатор анъанаҳои беҳтарини мазмунан миллӣ, ба монанди меҳмондӯстӣ, эҳтиром ба калонсолон, салом додан, ҳашар, гаҳворабандон, арӯсбинон ва ғайраро ҳамчун ёдгорӣ аз гузаштаи худ то имрӯз нигоҳ доштаанд. Наврӯз, ки яке аз ҷашнҳои миллии мо ба ҳисоб рафта, дар ҳамаи гӯшаву канори мамлакат хурду калон онро бо як ҳисси баланди ватандӯстӣ ҷашн мегиранд, имрӯз мақоми байналмиллалиро соҳиб гашт, ки  ин ҳам бошад, бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор омадааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд кардаанд, ки “Мо вазифадорем, ки расму оинҳоро аз таассубу хурофотпарастӣ ва худнамоиву зоҳирпарастӣ барои имрӯзу ояндаи ҷамъият тоза созем, онҳоро бо назардошти имкониятҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии худамон танзим намоем”.

Тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” соли 2018 зери таҳрири умумии Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ ба табъ расида, дар он мафҳумҳои анъана, маросим ва ҷашн ҳамчун мафҳумҳои асосӣ шарҳ дода шудаанд.

Анъана, пеш аз ҳама, он арзишҳои моддӣ ва маънавии меросие мебошад, ки онро шахси муайян наофаридааст ва ба вуҷуд наовардааст ё маҳсули тасаввуроти эҷодии шахсии вай намебошад. Анъана маҷмӯи арзишҳои моддӣ ва маънавии мероси иҷтимоию фарҳангии ҷомеа ва ё гурӯҳҳои алоҳидаи ҷамъиятӣ мебошад, ки аз насл ба насл мегузаранд. Мисоли равшани анъана ҷашнгирии идҳои Наврӯз, Меҳргон, Сада, фотиҳаи тӯй, тӯйи арӯсию домодӣ, арӯсталабон, домодталабон ва ғайра шуда метавонанд.

Маросим – шакли ҷамъи калимаи расм, маҷмӯи амалҳои рамзие мебошад, ки муносибати шахсон ва гурӯҳҳои иҷтимоиро ба падидаҳои муҳими ҳаёти фарҳангии ҷомеа муқаррар менамояд. Маросим ҳамчун яке аз намудҳои анъана амали интихобии шахси алоҳида набуда, балки амали оммавӣ мебошад. Маросим на ба як гурӯҳи иҷтимоӣ, балки ба ҳамаи қишри аҳолӣ тааллуқ дошта, он лаҳзаҳои муҳими ҳаёти инсонӣ, аз ҷумла таваллуд (номгузорӣ, гаҳворабандон, мӯйсаргирон, хатнасур), тӯй (фотеҳа, хостгорӣ) ё аз як син ба синни дигар гузаштан, фавт (дафн, худоӣ) – ро роҳнамоӣ менамояд.

Ҷашн ба мисли маросим унсури муҳими анъана буда, ҷашнҳо иттилооти дорои аҳамияти иҷтимоидоштаро аз насл ба насл нигоҳ медоранд ва медиҳанд. Ҷашгирӣ дар ҳамаи марҳилаҳои инкишофи таърихии худ ба лаҳзаҳои дигаргунсозии кулли ҳаёти табиат, ҷамъият ва инсоният алоқаманд мебошад.

Дар асоси моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” шахсоне, ки талаботи муқаррарнамудаи қонуни мазкурро риоя намекунанд, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд. Қисми 1 моддаи мазкур ҷавобгариро барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ пешбинӣ намудааст. Ҳамчун шахси воқеӣ тибқи муқаррароти Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд баромад мекунанд. Ба сифати шахсони ҳуқуқӣ бошад, тибқи қонунгузорӣ корхона, муассиса, ташкилот, аз ҷумла, ширкат ва ҷамъиятҳо, корхонаҳои давлатӣ, кооперативҳо ва ғайра дар назар дошта мешаванд.

Мувофиқи қисми 2 ҳамин модда аъзои Ҳукумат, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия,дигар шахсони мансабдори давлатӣ , хизматчиёни давлатӣ, судяҳо, кормандони мақомоти прокуратура, амният, корҳои дохилӣ, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, андоз, гумрук, кормандони дигари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ барои риоя накардани талаботи қонуни мазкур аз ҷониби онҳо ва фарзандонашон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикиситон аз мансаб озод карда мешаванд.

Мисол: сокини ҷамоати деҳоти Р.Юсуфбеков, деҳаи Рэн, ноҳияи Ишкошим дар вазифаи мудири кӯдакистони №6 ноҳияи Ишкошим кор карда, ҳамчун шахси мансабдор ба ҳисоб рафта, бархилофи талаботи моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” амал намуда, рӯзи 20 майи соли 2019, соати 17 ҷашни зодрӯзашро дар ҳуҷраи кориаш, воқеъ дар ноҳияи Ишкошим, кӯчаи А.Мавлоназаров бо иштироки 11 нафар ҷашн гирифта, бо ин амалаш талаботи Қонуни мазкурро вайрон кардааст. Нисбати ҳуқуқвайронкунанда Гулбекова С бо моддаи 481 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, бо қарори суди ноҳияи Ишкошим нисбаташ ҷазои маъмурӣ дар намуди ҷарима ба маблағи 11000 (ёздаҳ ҳазор) сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шудааст.

Ба ин монанд давоми соли 2018 аз ҷониби судҳои шаҳру ноҳияҳои ВМКБ 26 адад парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, аз ҷумла: нисбати шаҳрвандон Таипов К.Б., Анапия У.Ж., Валиев Ҷ.Н., Назармамадов Р ва дигарон бо моддаи 481 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне барои риоя накардани тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”  баррасӣ гардида, нисбати ҳуқуқвайронкунандагон ҷазои маъмурӣ дар намуди ҷарима ба фоидаи давлат таъин карда шудааст.

То қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” тартиби гузаронидани ҷашну маросимҳои мардумӣ муайян набуда, аксаран онҳо пурдабдабаю серхароҷот гузаронида мешуданд ва на ҳамаи онҳо ба арзишҳои милливу мазҳабии мо мутобиқат мекарданд. Гузашта аз ин, бенизомӣ ва харҷу исрофи зиёдатӣ дар гузаронидани ҷашну маросимҳо аз як тараф вазъи молиявии шаҳрвандонро касод ва ҳолати рӯҳии онҳоро хароб намуда, сабаби носозию нооромиҳо дар муносибаҳои оилавӣ гардида, то ба пошхӯрии оилаҳо оварда расонад, аз тарафи дигар он боиси бинобар тақлид намудан ба дороён ва ба монанди онҳо баргузор намудани тӯю маъракаҳо аз ҷониби ашхоси камбизоат ба қарз ва нодорӣ гирифтор шудани ин ашхос мегардид. Хурсандиовар аст, ки баъд аз қабули Қонуни мазкур ва мавриди амали якчандсолаи он пеши роҳи ин гуна амалҳо гирифта шуда, гузаронидани чунин ҷашну маросимҳо ба як низоми муайяни ба мардуми кишвар хос даромад. Маълумотҳои омории воқеӣ ин гуфтаҳоро тақвият бахшида, собит месозанд, ки маҳз бо мавҷудияти ин Қонун баргузории ҷашну маросимҳо дар қаламрави кишвар ба низоми муайян даромада, зиндагии мардум рӯ ба беҳбудӣ ниҳода, баракати рӯзгор афзудааст. Ин гуфтаҳо бори дигар башорат медиҳанд, ки Қонун дар ҳама давру замон манфиати мардумро ҳимоя менамояд.

 

Азимов Сарҳад

Котиби маҷлиси судии суди ВМКБ