МАВҚЕИ КОНСТИТУТСИЯ ДАР НИЗОМИ САНАДҲОИ МЕЪЁРИИ ҲУҚУҚИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

МАВҚЕИ КОНСТИТУТСИЯ ДАР НИЗОМИ САНАДҲОИ МЕЪЁРИИ ҲУҚУҚИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, асосҳои сохтори конститутсионӣ, ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, тартиби ташкил ва таљзияи ҳокимияти давлатиро муайян мекунад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади олии ҳуқуқии кишвар буда, дар раванди танзими муносибатҳои иҷтимоии ҷомеа нақши ҳалкунанда мебозад. Конститутсия санади дорои эътибори олии ҳуқуқӣ буда, асоси ҳуқуқии қонунгузории амалкунандаро ташкил медиҳад ва бо ин вазифаҳои танзимкунанда ва низомсозиро иҷро намуда, ягонагии дохилии меъёрҳои низоми ҳуқуқии Тоҷикистонро таъмин мекунад.
Конститутсия дорои хусусиятҳое мебошад, ки ба ҳар як санади меъёрии ҳуқуқи хос аст. Дар баробари ин, он дорои хусусиятҳои махсус мебошад. Ба инҳо дохил мешаванд: волоият, хусусияти бевоситаи амал, тартиби мураккаби тағйирот, устувори, сохтори мушаххас ва ғайра. Маҳз ҳамин хусусиятҳои мушаххас ба конститутсия имкон медиҳанд, ки дар робита ба қонунгузории кишвар вазифаи низомсозиро иҷро кунад. Функсияи низомсози Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он иборат аст, ки робитаҳои байни санадҳои қонунгузори, муайян кардани доираи амал, нуқтаҳои ҳамкори бо дигар сарчашмаҳои ҳуқуқ, масъулияти шахсони ҳуқуқи барои вайрон кардани ягонаги ва хусусияти системавии қонунгузории кишвар, ки дар ниҳоят ба нигоҳ доштани фазои ягонаи ҳуқуқи дар қаламрави кишвар мусоидат мекунад.
Ҳамин тариқ меъёрҳои конститутсия заминаи ҳуқуқие мебошанд, ки барои муайян кардан ва ҳалли ихтилофот ҳам байни санадҳои меъёрии ҳуқуқии алоҳида ва ҳам байни соҳаҳои қонунгузори имкон медиҳанд ва таъсири мунтазами ҳамаи санадҳои меъёрии ҳуқуқиро таъмин намоянд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми соҳаҳои ҳуқуқро муттаҳид намуда, таъсиси низоми навъи навионро, ки ба ҳар яки онҳо мавқеи мустақил дода шудааст, муайян мекунад. Таъсири барномавии Конститутсияи кишвар ба қонунгузории дар амалҳои мушаххаси қонунгузори зоҳир мешавад. Аз ҷумлаи асосии онҳо инҳоянд: қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқи ҳангоми таҳияи муқаррароти конститутсиони; ба конститутсия мутобиқ намудани санадҳои ҳуқуқии соҳави ва ғайра. Қонунгузории соҳави барои татбиқи муқаррароти барномавии конститутсия дар қонунгузории мадани, ҷинояти, мурофиавии ҷинояти, маъмури, экологӣ ва дигар қонунгузории соҳави имкониятҳои зиёд дорад.
Аҳаммияти муносибатҳои конститутсионию ҳуқуқиро дар механизми танзими қонунгузорӣ низ қайд кардан лозим аст. Муносибатҳои умумии танзими ҳуқуқӣ, ки дар асоси меъёрҳои конститутсионӣ ба вуљуд меоянд, дар онњо, пеш аз ҳама, нақш ва аҳаммияти он дар механизми танзими ҳуқуқӣ зоҳир мегардад. Конститутсия бо амали худ тамоми фазои Қонунгузориро фаро гирифта, бо ҳамин майдони ягонаи ҳуқуқиӣ кишварро муайян намуда, реҳаи қонуниятро дар ҷомеа мустаҳкам менамояд.
Конститутсияи Чумҳурии Тоҷикистон дар низоми ќонунгузории кишвар санади ҳуқуқии дорои хусусияти барномавӣ буда, пеш аз ҳама ба он далел аст, ки он ҳуҷҷати таъсисӣ буда, зери таъсири он соҳаҳои мавҷудаи ҳуқуқ ва қонунгузорӣ метавонанд инкишоф ва ислоҳ карда шаванд, аз ҷумла ба вуҷуд омадани институтҳои нави ҳуқуқӣ. Сониян, ин аз моҳияти қонуни асосӣ ҳамчун санади ҳуқуқие бар меояд, ки дар давлат қувваи махсуси олии ҳуқуқӣ дорад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои як қатор хусусиятҳое мебошад, ки ҷойгоҳ ва нақши онро дар нзоми қонунгузории кишвар муайян мекунанд. Баъзе аз хусусиятҳои он дар худи Конститутсия муқаррар шудаанд. Аз ҷумла, дар моддаи 10-и он хусусиятҳои эътибори олии ҳуқуқӣ доштан, мустақиман амал кардани меъёрҳои он, эътибори ҳуқуқӣ надоштани қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ ҳангоми мухолифат бо конститутсия, риоя ва иҷро намудани муқаррароти Конститутсия аз ҷониби давлат ва ҳамаи мақомоти он, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияи онҳо муқаррар шудаанд.
Умуман, Конститутсия дорои хусусиятҳои зерин мебошад, ки аз мавқеи намоён доштани он гувоҳи медиҳанд:
1) қувваи олии ҳуқуқӣ ва таъсири мустақим дорад. Он ба муносибатҳои ҷамъиятӣ таъсири бевоситаи танзимкунанда дорад ва дар саросари кишвар татбиқ мешавад. Қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқие, ки дар кишвар қабул шудаанд, набояд хилофи меъёрҳои он бошанд;
2) хусусияти ташкилӣ-дар он зоҳир мегардад, ки халқ барандаи соҳибихтиёрӣ ва манбаи ягонаи ҳокимият буда, дар конститутсия асосҳои сохти давлатию ҷамъиятиро муқаррар намуда, институтҳои амаликунандаи ҳокимияти давлатиро муқаррар менамояд;
3) асоси ҳуқуқии тамоми сарчашмаҳои ҳуқуқ-принсипњое, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос ёфтаанд, барои тамоми низоми ҳуқуқии қонунгузорӣ нақши роҳнамо ва рушдро мебозанд. Маҳз конститутсия раванди қонунсозиро ба танзим медарорад, эътибори ҳуқуқӣ ва тартиби қабули қонунҳоро муқаррар мекунад;
4) хусусияти фарогир дорад-конститутсия таъсири худро ба тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъият: иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва маҳнавӣ фаро мегирад;
5) тартиби махсуси ҳифзнамои дорад, ки аз тартиби мураккаби аз нав дида баромадани муқаррароти он ва кафили он будани Президент иборат аст. Дар механизми таъмини муқаррароти Конститутсия Суди конститутсионӣ нақши муҳим мебозад, ки ба Конститутсия мутобиқ будани қонунҳоро санҷида, парвандаҳоро оид ба риояи Конститутсия баррасӣ мекунад, инчунин, салоҳияти тафсири меъёру муқаррароти онро дорад;
6) қонуни асосии давлат, ки асосҳои ҳаёти ҳуқуқӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ-иқтисодии ҷомеаро муайян намуда, принсипҳои конститутсиониро мустаҳкам намуда, ҳадафҳо, вазифаҳо ва самтҳои асосии рушди низоми қонунгузории Тоҷикистонро дар бар мегирад.
Дар сатҳи расмӣ-ҳуқуқӣ бошад, қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» аз 30 майи соли 2017, № 1414 аз бартарияти Конститутсия дар низоми санадҳои ҳуқуқӣ хабар додааст. Аз ҷумла, қисми дуюми моддаи 9 низоми санадҳои ҳуқуқии Ҷумҳурии Тољикистонро муқаррар намуда, дар ин низом ба Конститутсия мавҳеи аввал дода шудааст ва қисми дуюми моддаи 16 муқарар кардааст, ки дар мавриди ба меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат доштани ҳатто санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мегарданд.
Дигар афзалияти Конститутсия дар он зоҳир мегардад, ки ҷанбаҳои муҳими мақомотҳои асосии давлатро танзим намудааст. Аз ҷумла, ҳокимияти судиро метавон қайд намуд, ки пеш аз Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷоикистон «Дар бораи судҳо» аввалан Конститутсия дар боби 8 масъалаҳои муҳимтарини ин рукни ҳокимияти давлатиро муқаррар ва танзим кардааст. Масъалаҳое чун, низоми ҳокимияти судии Тоҷикистон, принсипҳои адолати судӣ, вазъи ҳуқуқии суди конститутсионӣ, тартиби интихоб, таъйин, бозхонд ва озод намудани судяҳо, муҳлати ваколати онҳо ва дигар масъалаҳои ба ин монанд дар боби болозикр танзим шудаанд.
ҳамин тавр, метавон хулоса намуд, ки Конститутсия дар низоми санадҳои ҳуқуқии кишвар мавқеи аввалро ишғол намуда, ягонагии тамоми низоми санадҳои ҳуқуқии кишварро муайян месозад. Дар тамоми соҳаҳои ҳуқуқи кишвар Конститутсия сарчашмаи муҳим ва аввалини ҳуқуқӣ баромад мекунад. Риоя ва иҷрои меъёрҳои он дар ташаккул ва рушди низоми қонунгузорӣ ва ҳуқуқии кишвар мусоидат намуда, фазои ягонаи қонуниятро дар тамоми қаламрави кишвар таъмин менамояд.
Судя Суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон
Миршарифзода Сайдали Қурбонали
Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 



