ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БИНОИ СУДИ ВМКБ

Имрӯз дар бинои Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ҷониби раиси Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо иштироки роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Суди шаҳри Хоруғ ва Суди ҳарбии гарнизони Хоруғ маҷлиси тантанавӣ бахшида ба «Рӯзи Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.

Сараввал раиси Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Умарзода Фирдавс Тавакалхуҷа судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳоро бо фарорасии 31 умин солгарди «Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» табрику муборакбод карда, қайд намуданд, ки ин ҳама самараи Истиқлолияти давладӣ, ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи кашвар аст, ки бевосита аз заҳмату талошҳои хастанопазирии Аосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Ҳамзамон иштирокчиёни маҷлиси мазкур: судяҳои Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Нурализода Суҳроб Мустафо ва Муҳаммадвалӣ Назри, судяи Суди шаҳри Хоруғ Юсуфбекзода Роҳила Юсуфбек, мудири бахши таъмину ташкили кори судҳои Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Тойчиева Перизат Шакировна ва мутахассис-тарҷумони Суди ҳарбии гарнизони Хоруғ Имроншоева Муқаддас Қурбонбековна вобаста ба нақши Конститутсия дар таърихи навини сиёсии кишвар маърузаҳо карданд.