ТАЪКИДИ ЗАРУРИЯТИ МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ДАР ПАЁМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Таъкиди зарурияти муқовимат ба терроризм ва экстремизм
дар паёмҳои Пешвои миллат
Дар паёмҳои ҳамасолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳимтарин масъалаҳои марбут ба рушди давлатдорӣ, амнияти миллӣ ва суботи ҷомеа мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Таҳдидҳои глобалии ҷаҳони муосир, аз ҷумла терроризм ва экстремизм аз ҷумлаи чунин масъалаҳо буда, паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди ташаккул ва такмили қонунгузории миллӣ аз ҷумла дар ин самт сарчашмаи асосӣ ва роҳнамо арзёбӣ мегарданд.
Чунончи, соли 2005 зимни ироаи Паём Пешвои муаззами миллат зарурати таҳия ва қабули консепсияи ягона ва ҳамаҷониба терроризмро таъкидан зикр намуд, ки дар он қабл аз ҳама мафҳуми амиқ ва возеҳи истилоҳи терроризм, хислат, мазмун ва амалиёти тахрибгаронаи он таъбир, роҳҳо ва василаҳои муассири мубориза бар зидди он муайян ва мушаххас гардиданд.
Бояд қайд намуд, ки сиёсати санҷида ва мутавозини хориҷӣ, мавқеи равшани устувор дар мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва таҳдиду хатарҳои дигари глобалӣ, ширкати амалӣ ва масъулона дар ҳалли масъалаҳои муҳимтарини умумиинсонӣ ва омилҳои дигар сабаб шуданд, ки Тоҷикистон узви фаъол ва соҳибэҳтироми ҷомеаи ҷаҳонӣ гардад, ки ин як дастоварди бузурги миллӣ ва таърихӣ мебошад. Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, аввалин маротиба дар сатҳи Конститутсия ба сифати қисми таркибии низоми ҳуқуқии кишвар ворид гардиданд. Ин нуқта нишон медиҳад, ки роҳбарияти кишвар ҳанӯз дар марҳилаи ибтидоии ташаккули таҳдидҳои глобалӣ ба норасоии ҳамоҳангии ҳуқуқии байналмилалӣ таваҷҷуҳ зоҳир намудаанд ва ин раванд барои таҳкими асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии муқовимат бо терроризм аҳамияти калидӣ дорад.
Дар Паёми соли 2006 Пешвои миллат иброз намуданд, ки Тоҷикистон аз соли 1992 аксари конвенсияҳои байналмилалиро оид ба ҳуқуқи инсон, таъмини сулҳу амният, мубориза бар зидди терроризм, ҷиноятҳои трансмиллӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир эътироф карда, ба тасвиб расонидааст. Дар чунин шароит ба роҳ мондани ҳамкории судманди байналмилалӣ ба хотири коҳиш ва рафъи хатарҳои асосии глобалӣ — терроризм, экстремизм, қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷинояткории трансмиллӣ, ҳамчунин, офатҳои экологӣ ва техногенӣ самти муҳимтарини амалиёти муштараки ҷомеаи башарӣ маҳсуб меёбад.
Эътироф ва тасвиби конвенсияҳои байналмилалӣ аз ҷониби Тоҷикистон аз иродаи сиёсии кишвар ҷиҳати ҳамгироии ҳуқуқии байналмилалӣ дарак медиҳад. Ин амал на танҳо уҳдадориҳои байналмилалиро тақвият мебахшад, балки барои рушди қонунгузории миллӣ ва таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон низ заминаи боэътимод мегузорад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ мубориза бо таҳдидҳои глобалӣ танҳо тавассути ҳамкории дастаҷамъона имконпазир аст. Мавқеи Тоҷикистон дар ин раванд ба сифати субъекти фаъол ва масъули муносибатҳои байналмилалӣ арзёбӣ мегардад.
Президенти мамлакат соли 2007 зимни ироаи Паём таъкид карданд, ки барои таҳкими минбаъдаи қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, таъмини суботу оромии ҷомеа бояд бар зидди ҷиноятҳои хавфноки муосир — терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, одамфурӯшӣ ва дигар ҷиноятҳои трансмиллӣ муборизаи қатъӣ бурд. Дар баробари ин, мо зарурати бартараф намудани сабабу омилҳои бавуҷудорандаи терроризмро, ки аз адолати воқеӣ дур будани воқеияти низоми ҷаҳонӣ, сатҳи пасти маърифати ҳуқуқӣ, ҷудоиандозии миллӣ, ихтилофи фарҳангӣ ва амалҳои худгароёнаи баъзе давлатҳо дар арсаи байналмилалӣ иборатанд, ногузир мешуморем. Таъкиди зарурати муборизаи қатъӣ бо ҷиноятҳои муосир нишон медиҳад, ки амнияти миллӣ бевосита ба самаранокии сиёсати ҷиноятӣ ва қонунгузории зиддиҷиноятӣ вобаста аст. Ин равиш ҳамзамон ба пешгирии ҷинояткорӣ ва таҳкими суботи иҷтимоӣ мусоидат менамояд.
Ҳамчунин Президенти мамлакат соли 2009 дар Паём қайд намуданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ фаъолияти худро дар доираи Созмони Милали Муттаҳид ва эътилофи зиддитеррористӣ бар зидди терроризм идома медиҳад. Дар ин ҷода, мо ҳамгироии кишвари худро бо созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Ҳамкории Шанхай, Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони Конфронси Исломӣ тақвият хоҳем дод.
Иштироки Тоҷикистон дар созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавии амниятӣ далели сиёсати бисёрсамта ва прагматикии (воқеъбинонаи) кишвар дар мубориза бо терроризм мебошад. Ин ҳамгироӣ имкони истифодаи механизмҳои муштараки амниятиро фароҳам меорад.
Соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ироаи Паём чунин ибрози андеша намудаанд: “Имрӯз, ки таҳдиду хатарҳои басо сангине мисли терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддиру ҷинояткории фаромарзӣ ва даҳҳо дигар падидаҳои хатарнок ба худи асли зиндагии мову шумо таҳдид менамоянд, вақти он расидааст, ки мушкилоти дуюминдараҷаи сунъиро як сӯ гузошта, сари ҳамкории созанда, тақвияти эътимоду боварӣ ва таҳкими ҳамёрӣ биёем, то ба наслҳои оянда минтақаи ободу осоишта ва равобити дӯстонаву бародаронаро мерос гузорем. Роҳи ҳалли ҳамаи ин масоил – танҳо ҳамкорӣ ва фақат ҳамкорист.”
Ин андеша зарурати ҳамкории байналмилалиро, ҳамчун роҳи ягонаи самараноки муқовимат бо таҳдидҳои глобалӣ таъкид менамояд. Ҳамоҳангсозии талошҳо метавонад аз сиёсисозии масъалаи терроризм пешгирӣ кунад.
Пешвои миллат соли 2011 дар Паёми навбатӣ бори дигар таъкид карданд, ки фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, суд ва прокуратура бояд, пеш аз ҳама, ба таъмини амнияти миллӣ, волоияти қонун, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, терроризм, экстремизм, коррупсия, харидуфурӯши одамон ва таҳкими сулҳу суботи ҷомеа равона карда шавад.
Тамаркузи фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба таъмини амнияти миллӣ ва волоияти қонун омили асосии эътимоди шаҳрвандон ба давлат мебошад. Ин раванд нақши калидии ниҳодҳои давлатиро дар ҳифзи суботи ҷомеа инъикос менамояд.
Ҷаноби Олӣ дар Паёми соли 2012 қайд карданд, ки замони мо замони ниҳоят мураккаб ва печидаи таърихи башарӣ, замони таҳаввулоти бунёдии созмонҳои иҷтимоӣ, рушди бесобиқаи илму фановарӣ, иттилоот ва дар маҷмуъ нерӯи эҷодии инсон, имконоти азими такомули фарҳангӣ ва ахлоқиву маънавӣ, равобит ва ҳамкории густурдаи халқу кишварҳо ва тамаддунҳои ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Дар баробари ин, ба ҳама возеҳ аст, ки замони мо замони зуҳури фаъоли нерӯҳои тахрибкор, замони таблиғ ва паҳн намудани ғояҳои тундгароӣ, густариши хатарҳои экстремизму терроризм, ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ, коҳиши маънавии ҷомеа ва падидаҳои дигари номатлуб низ мебошад. Таҳлили мураккабии замони муосир нишон медиҳад, ки рушди технологӣ ҳамзамон бо худ хатарҳои навро низ ба бор меорад. Ин вазъ зарурати мутобиқсозии сиёсати ҳуқуқӣ ва амниятиро ба воқеиятҳои нав тақозо мекунад.
Соли 2015 бошад, Президенти мамлакат дар Паёми хеш баён намуданд, ки бо дарназардошти вазъи ҳассосу печидаи ҷаҳони муосир олимону донишмандони мамлакат бояд ба масъалаҳои тавсеаи мафкураи миллӣ, таҳкими давлатдорӣ ва рушди иљтимоиву сиёсии ҷомеа, иттиҳоди нерӯҳои созандаи кишвар ва ҳифзи манфиатҳои стратегии Тоҷикистон, мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, хурофотпарастиву ифротгароӣ, инчунин, таҳқиқи масоили демократикунонии ҳаёти иҷтимоиву сиёсии Тоҷикистон эътибори аввалиндараҷа диҳанд. Нақши олимон ва донишмандон дар таҳкими мафкураи миллӣ ва муқовимат бо ифротгароӣ аҳамияти стратегӣ дорад. Илм ҳамчун абзори пешгирии радикализатсия метавонад заминаи устувори амнияти идеологиро фароҳам созад.
Пешвои миллат дар Паёми соли 2016 иброз намуданд, ки муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир омили дигари нигаронкунанда буда, яке аз сарчашмаҳои асосии маблағгузории терроризми байналмилалӣ маҳсуб меёбад. Муомилоти он ҳамчун манбаи маблағгузории терроризм нишон медиҳад, ки таҳдидҳо хусусияти мураккаб ва ба ҳам вобастагӣ доранд. Аз ин рӯ, сиёсати зиддитеррористӣ бояд фарогир ва ҳамоҳанг бошад.
Дар ҷои дигари ҳамин Паём Роҳбари давлат иброз намуданд, ки “имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд. Истифодаи «сиёсати дугона» нисбат ба терроризм ва экстремизм самаранокии кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар муборизаи муштарак бо ин зуҳурот ҷиддан коҳиш дода, баръакс, мухолифатҳои наверо байни эътилофҳои ҳарбиву сиёсӣ эҷод мекунад ва авзои ҷаҳонро боз ҳам ноором месозад”.
Истифодаи меъёрҳои дугона дар муносибат бо терроризм яке аз монеаҳои асосии муборизаи муассир мебошад. Ин ҳолат метавонад боиси афзоиши бесуботӣ ва нобоварӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ гардад. Аз ин лиҳоз, метавон гуфт, ки бар асари истифодаи қувва ва зӯрӣ дар равобити байналмилалӣ, дар ҳифзи манфиатҳои хеш рӯбарӯ омадани қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, зери фишори нерӯву унсурҳои бегона амалан аз байн рафтани низоми давлатдории як силсила кишварҳо ва вусъати торафт афзояндаи терроризму экстремизм вазъи ҳуқуқи байналмилалӣ хеле заиф шуда, истиқлолияти давлатҳои миллӣ осебпазир гардидааст. Намуна ва пайомадҳои чунин вазъро мо дар мисоли Сурия, Ироқ, Лубнон, Яман ва Афғонистон мебинем.
Ҳамчунин дар Паёми соли 2016 Президенти мамлакат қайд карданд, ки дар доираи тақвияти мубориза бо терроризм ва экстремизм бояд номгӯйи субъектҳои бо онҳо муборизабаранда васеъ ва дақиқ гардонида, дар баробари ин ҷавобгарӣ ва ҷазо барои содир намудани ҷиноятҳо ба муқобили сохти конститутсионӣ ва амнияти давлат, ҷиноятҳои хусусияти террористиву экстремистидошта ва хиёнат ба Ватан, шарикӣ дар чунин ҷиноятҳо, аз ҷумла нисбат ба ташкилкунандагон ва шахсони ба онњо мусоидаткунанда пурзӯр карда шавад.
Пешвои миллат соли 2017 дар Паём баён намуданд, ки мо ҷонибдори низоми ҷаҳонии одилона, бидуни ҷангу низоъ, густариши ҳамкориву шарикии баробар ва судманди ҳамаи кишварҳои олам, таъмини амнияти ҷаҳониву минтақавӣ бо роҳи созишу муколамаи созанда бар асоси Ойинномаи Созмони Милали Муттаҳид мебошем. Бо вуҷуди чунин вазъ, дар арсаи байналмилалӣ то ҳол таърифи ягонаи мафҳумҳои «терроризм» ва «террорист» вуҷуд надорад, ки ин ҳолат ба истифодаи меъёрҳои дугона ва духӯрагиву гуногунфаҳмиҳо мусоидат карда истодааст. Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, ашадӣ ва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Баръакс, тавре ки ман борҳо таъкид намуда будам, террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад.
Зуҳуроти терроризм ба суботу амнияти кураи замин хавфу хатари бениҳоят зиёд дорад. Садди аввали мубориза бо терроризм, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва қочоқи маводи мухаддир маҳз сарҳади давлатӣ мебошад. Дар ин замина, мехоҳам бори дигар хотиррасон намоям, ки ҳифзи сарҳад вазифаи танҳо сарҳадбонон нест. Рад намудани ҷудокунии террорист ба «хуб» ва «бад» асоси муҳими равиши ҳуқуқии байналмилалӣ мебошад. Ин мавқеъ ба ташаккули меъёрҳои ягона ва адолатнок дар мубориза бо терроризм мусоидат мекунад.
Соли 2018 Пешвои муаззами миллат дар Паёми навбатӣ иброз намуданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эътирофи нақши калидӣ ва ҳамоҳангсози Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои дахлдори он Стратегияи ҷаҳонии созмонро оид ба мубориза алайҳи терроризм ва конвенсияҳои зиддитеррористии он, қатъномаҳои Шурои амният ва Маљмааи умумиро асоси муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ дониста, омодагии худро ҷиҳати тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар ин арса изҳор менамояд.
Пайравӣ аз стратегия ва қатъномаҳои Созмони Милали Муттаҳид нишон медиҳад, ки Тоҷикистон мубориза бо терроризмро ҳамчун масъулияти муштараки ҷомеаи ҷаҳонӣ мешиносад.
Дар паёми соли 2019 Сарвари давлат қайд намуданд, ки амалҳои даҳшатноки террористӣ, ки солҳои охир дар гӯшаҳои гуногуни олам содир гардида, боиси марги ҳазорон одамони бегуноҳ шуда истодаанд, возеҳ нишон медиҳанд, ки терроризм имрӯзҳо ба таҳдиди воқеиву ҷиддӣ ба амнияту суботи ҷаҳон ва пешрафти инсоният табдил ёфтааст. Инсоният дар симои терроризми байналмилалӣ бо душмани бераҳму шафҳат ва маккоре рӯ ба рӯ омадааст, ки тамоми меъёрҳои ахлоқӣ ва арзишҳои умумиинсониро поймол карда, барои расидан ба ҳадафҳои худ аз ягон ваҳшоният рӯй намегардонад.
Амалҳои террористӣ ҳамчун таҳдиди мустақим ба арзишҳои умумиинсонӣ зарурати тақвияти ҳамоҳангии байналмилалиро бештар месозанд. Ин таҳдид дигар хусусияти маҳаллӣ надорад ва ба амнияти глобалӣ таъсир мерасонад.
16 декабри соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми навбатии худ ёдовар шуданд, ки бо дарназардошти ин вазъ, моҳи майи соли 2018 бо ташаббуси Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмону кишварҳо дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Раванди Душанбе» Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзуи «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез» баргузор гардид.
«Раванди Душанбе» ҳамчун ташаббуси байналмилалӣ нишон медиҳад, ки Тоҷикистон на танҳо истеъмолкунандаи амният, балки тавлидкунандаи идеяҳо ва механизмҳои нави муқовимат бо терроризм мебошад. Ин иқдом мавқеи кишварро дар сиёсати байналмилалӣ боз ҳам устувор месозад. Таҳлили паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишон медиҳад, ки онҳо дар ташаккул ва рушди сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан дар самти муқовимат бо терроризм ва экстремизм, нақши калидӣ ва роҳнамо доранд. Дар паёмҳои Роҳбари давлат масъалаҳои амнияти миллӣ, таҳдидҳои глобалӣ ва роҳҳои ҳифзи суботу оромии ҷомеа бо назардошти воқеиятҳои ҷаҳони муосир пайваста мавриди баррасии амиқ қарор мегиранд.
Паёмҳои Президенти кишвар на танҳо ҳуҷҷати сиёсӣ, балки ҳамчун сарчашмаи муҳими ҳуқуқӣ ва назариявӣ ҷиҳати такмили қонунгузории миллӣ арзёбӣ мегарданд. Махсусан, таъкид ба зарурати ҳамкории байналмилалӣ, рад намудани меъёрҳои дугона нисбат ба терроризм ва зарурати таҳкими заминаҳои ҳуқуқӣ нишон медиҳад, ки сиёсати Тоҷикистон дар ин самт бар пояи принсипҳои адолат, шаффофият ва масъулияти муштарак асос ёфтааст.
Ҳамзамон, таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бо терроризм ва экстремизм собит менамояд, ки таъмини амнияти миллӣ бе волоияти қонун, фаъолияти босамари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва иштироки фаъол дар низоми амнияти байналмилалӣ ғайриимкон мебошад. Дар ин замина, паёмҳои Пешвои миллат ҳамчун абзори муҳими пешгирии таҳдидҳо ва таҳкими суботи иҷтимоиву сиёсӣ аҳамияти хосса доранд.
Миршарифзода Сайдали Қурбонали,
судяи Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 

