Табрикоти раиси суди ВМКБ бахшида ба “Рӯзи Модарон”

           Тамоми модарону бонувони Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоса занҳое, ки дар ҳокимияти суд кору фаъолият мекунанд бо камоли эҳтиром ба муносибати иди 8-уми март “Рӯзи Модар” табрику муборакбод гуфта, барои ҳар яки Шумо дар иҷрои вазифаи басо пурмаҳсулатон бурдбориҳои зиёдро таманно дорам.

         Зан пеш аз ҳама модар, хоҳар, ҳамсар ва дӯсти наздик ба ҳисоб меравад. Зан зеботарин офаридаи ҳастии рӯи замин аст. маҳз ба ҳамин хотир мардуми тоҷик ва умуман, аҳли башар ба ин тимсоли беҳамтову ҷовидона арҷ мегузоранд, бузургии ӯро ситоиш менамоянд ва дар наздаш ҳамеша сари таъзим фурӯд меоранд. Боиси ифтихор ва сафарозист, ки имрӯз занони тоҷик дар баробари ҷавонмардон ифтихор ва сафарозист, ки имрӯз занони тоҷик дар баробари ҷавонмардон дар тамоми соҳаҳои ҳаёт, бахусус дар идоракунии давлатӣ фаъолона иштирок намуда, дар пешравии давлату миллити азизамон саҳми босазоро мегузоранд. Рӯзи Модвр ҳвмвсола 8 март, яъне дпр фасли баҳор таҷлил мешавад. Зеро меҳру муҳаббат ва файзу сафои мардон ба айёми эҳё шудани табиат таҷассумгари идомаи ҳаёт ва фардои нек мебошад.

        Бори дигар, бо самимияти беандоза ҳамаи шуморо бо ин ҷашни фархунда табрику муборакбод намуда, ба аҳли оила ва наздиконатон саломативуу сарбаландӣ, умри дарози пурбаракат, рӯзгори хушу хонаи обод ва дар хизмати пуршарафатон барору комёбиҳои беандозаро орзу менамоям.

Раиси суди ВМКБ

А.Назарзода