СӮҲБАТУ ВОХӮРИИ СУДЯИ СУДИ ВМКБ ДАР «МАКТАБИ ПРЕЗИДЕНТӢ БАРОИ КУДАКОНИ БОЛАЁҚАТ ДАР ШАҲРИ ХОРУҒ»

Санаи 2-юми майи соли 2025 дар Мактаби Президентӣ барои кӯдакони болаёқат дар шаҳри Хоруғ,  Судяи суди ВМКБ Назри Муҳаммадвали бо ҳамроҳии муовини раиси шаҳри Хоруғ Пари Ғуломайдарзода, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хоруғ Шодигул Қонунзода бо волидони хонандагони Муассисаи таълимии давлатии “Мактаби Президентӣ барои кӯдакони болаёқат дар шаҳри Хоруғи ВМКБ” сӯҳбату вохӯрӣ гузарониданд.

Дар вохурии мазкур судяи суди ВМКБ  Назри Муҳаммадвали оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар  дар таълиму тарбияи кудак”, масъалаҳои терроризм ва экстремизм, ки аз паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, доир ба сиёсати энергетикӣ ва сарфаю сариштакорона истифодаи қувваи барқ , инчунин шарҳи қонунҳои амалкунанда баромад кард.