рӯзи ҷавонон

    Раиси Суди ВМКБ ҳамаи ҷавонони Ватанамонро бо рӯзи ҷавонон табрик карда, қайд мекунад, ки ҷавонон ояндаи миллат мебошанд.

    Инчунин бахшида ба рӯзи ҷавонон  23-юми майи соли 2023 дар бинои Мақомоти Иҷроияи Ҳокимияти Давлатии шаҳри Хоруғ  маҷлиси тантанавӣ баргузор гардида, корманди дастгоҳи Суди ВМКБ, Мудири шуъбаи таъмину ташкили кори судҳои Суди ВМКБ Тойчиева Перизат “Барои саҳми арзанда гузоштан дар фаъолияти соҳавӣ, дастгирии сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зоҳир намудани маҳорати баланди касбӣ дар иҷрои вазифаи хизматӣ, иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ”   бо ифтихорномаи Раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот   қадр карда шуд.