ПАРЧАМИ МИЛЛӢ РАМЗИ ДАВЛАТ

ПАРЧАМИ МИЛЛӢ РАМЗИ ДАВЛАТ
Парчами миллӣ нахустин нишони муқаддаси ҳар кишвару ҳар халқ шинохта мешавад. Парчами миллӣ ин рамзи ҳуввият, рамзи давлатдорӣ, рамзи ягонагии халқҳои як сарзамин мебошад. Парчами миллӣ ифтихор, нанг, шарафи ҳар мамлакат ва сокинони он ба ҳисоб меравад. Парчами миллӣ симои сиёсии ҳар кишварро дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷассум мекунад.
Ҷашни Парчам аз зумраи ҷашнҳое мебошад, ки имрўз симои Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибистиқлол, муқтадир, бофарҳанг ва соҳиби тамаддуни бой дар ҷаҳон муаррифӣ менамояд.
Парчам дар тўли таърихи миллати тоҷик нақши муҳим дошт. Моҳи ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи 16-уми таърихии Шўрои Олии Тоҷикистон, ки дар он тақдири ояндаи давлати тоҷикон тарҳрезӣ гардид, ба сўи ҳадафҳои умумимиллӣ, сулҳу суббот ва ваҳдати миллӣ қадамҳои нахустин гузошта шуданд. Баробари андешидани тадбирҳои зарурӣ доир ба таъмини сарҷаъмии мардум ва ҳифзи тамомияти арзии кишвар инчунин, рамзҳои нахустин давлати соҳибистиқлоламон – Парчам қабул карда шуд, ки имрўз ҳамчун рамзи давлатӣ шинохта шудааст ва бо рангҳои хеле зебо таҷассум ёфта, ифодагари тамоми арзишҳои миллию таърихии моро ифода мекунад.
Маҳз дар заминаи ин, дар моддаи 3-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст” муқаррар гардидааст.
Баъдан, 12 майи соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул гардид.
Боби дуюми Қонуни мазкур “Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ном дошта, дар он тартиби афрохтан ва ҷойгиркунии тасвири Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон дода шудааст. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муҳимтарин муқаддасоти давлати мо мебошад. Борҳо шоҳиди лаҳзаҳои ҳаяҷонбахшу пурифтихор ва муассир ҳастем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои садоқат ба халқу Ватан, хизмати фидок орона ба мардум савганд ёд карда, сари таъзим ба Парчами давлатӣ фуруд оварда, бо эҳтирому эътиқод онро бӯсида, ба чашм молид.
Бинобар ин эњтироми волои Парчам ифтихори миллии њар як шањрванди Љумњурии Тољикистон мебошад. Маҳз ба ҳамин хотир мо мардуми кишвари азизамонро зарур меояд, ки мафҳуми рангҳо ва рамзҳои парчами давлатии худро донем ва дар њама њолат ба рамзњои давлатї бояд тавре муносибат намуд, ки нисбат ба онњо бењурматї зоњир нагардад.
Амрихудозода Фарида Дайхудо
Судяи суди ноҳияи Дарвоз
Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 



