ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ – РАМЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИФТИХОРИ МИЛЛӢ

Хушбахтона, баъди садсолаҳо мардуми тоҷик ба шарофати соҳибистиқлолӣ аз нав соҳиби парчами миллӣ – рамзи давлати мустақилу соҳибихтиёр гардид. Санаи қабули Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистонро мардуми кишвар ҳамчун ҷашни умумимиллӣ аввалин маротиба 24 ноябри соли 2009 бо ифтихор аз давлату давлатдорӣ ва соҳибистиқлоливу соҳибихтиёрӣ истиқбол гирифтанд. Парчами давлатӣ аз рӯзи қабул дар радифи Нишони двлатӣ ва Суруди миллӣ ба сифати рамзи давлати соҳибихтиёри тоҷикон ба сарвати муқаддаси маънавии ҷомеаи мо табдил ёфта, хурду бузург ба он бо муҳаббату садоқат нисбат ба Ватан ва давлати миллии худ арҷ мегузоранд. Халқи тоҷик аз замонҳои хеле қадим то даврони навин ба суннати парчамдорӣ арҷи хоса мегузорад ва ин амалро беҳтарин нишонаи ҳувияти миллӣ ва нангу номуси ватандорӣ мешуморанд. Оини парчамдории мо ба сифати пайвандгари наслҳо умри ҷовидонӣ дорад ва бо хусусиятҳои хоси худ яке аз омилҳои муҳимтарини иттиҳоду сарҷамъии халқи тоҷик ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмии сокинони мамлакат мебошад.

Дар ҷаҳони муосир ҳар як давлати мустақилу соҳибихтиёр тавассути парчами он муаррифи мегардад. Аз ин рӯ, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба парчам маънои эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои деринаи таърихӣ ва фарҳангиву маънавии миллӣ ва гузашта аз ин, эҳтироми миллат ва давлату давлатдорӣ мебошад, зеро Парчам дар баробари Конститутсия, Нишон ва Суруди миллӣ аз ҷумлаи муқаддасоти милливу давлатӣ маҳсуб мешавад. Бо дарназардошти ин ва инчунин ба хотири гиромидошти нақши созандаву муассири парчам дар тарбияи ҳисси худогоҳиву худшиносӣ ва ватандӯстиву ватанпарастии мардум, бахусус насли наврасу ҷавонон соли 2010 бунёди манораи бузурги парчам дар яке аз мавзеҳои зеботарини пойтахти кишварамон оғоз ёфт ва он дар арафаи 20-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикиситон ифтитоҳ гардида, мавзеи ҷойгиршавии он “Майдони парчам” номгузорӣ шуд. Ҳар як фарде, ки имрӯз ба назди Парчам ва Нишони миллӣ меояд, хуб эҳсос мекунад, ки ин ду рамз ифодакунандаи иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми куҳанбунёду фарҳангии мо буда, мақсаду мароми неки тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудаанд. Парчами мо рамзи ҳаёти осоишта, ваҳдати ҷовидонаи миллӣ ва умед ба фардои ободи халқи Тоҷикистон аст.

Аз ин рӯ, муҳаббат ва эҳтироми Парчами миллии мо бояд дар қалби ҳар фарди бонангу номус маъво дошта бошад ва ӯро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои он ҳидоят намояд. Яъне эҳтиром арҷгузорӣ ба Парчами миллӣ ҳамчун рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бояд рисолати таърихӣ, қарзи фарзандӣ ва вазифаи шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа бошад. Итминони комил дорам, ки минбаъд низ ҳар як фарди бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарвари тоҷик аз Парчами миллии худ ифтихор менамояд, эҳтироми онро ҳамчун рамзи давлату давлатдорӣ ва озодиву истиқлоли Ватан ба ҷо оварда, қадру манзалат ва нақшу этибори онро ба наслҳои имрӯзу оянда талқин менамояд.

Воқеан, парчам дар замони соҳибистиқлолӣ тавонист, ки ваҳдату ягонагӣ, ҳисси баланди миллӣ, нангу номуси ватандорӣ, инсондӯстиву фарҳангсолорӣ ва саъю талоши созандагии мардуми сарбаланди тоҷикро таҷассум намояд ва ормону орзуҳои деринаи халқамонро дубора зинда гардонад. Бинробар ин, мо бояд Парчами давлатиро мисли аҷдоди худ ҳамчун рамзи ҷовидонаи давлатдории миллӣ ҳифз кунем, рӯҳу ҷони худро бо он пайванд созем ва дар ҳама ҳолат барои ҳимояи манфиатҳои давлату миллати хеш таҳти ин ливои зафар сарҷамъ бошем. Боварӣ дорам, ки кулли мардуми бонангу номуси тоҷик бо азму талоши созанда ва бо парафшонии Парчами давлати соҳибистиқлоли худ минбаъд низ барои ба як мулки пешрафта табдил додани Тоҷикистони маҳбубамон саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Бо истифода аз фурсати муносиб рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба тамоми ҳамватанон самимона табрик гуфта, ба ҳар хонадони мардуми тоҷик иқболу саодат, файзу баракат ва ба Ватани маҳбубамон сулҳу ваҳдати ҷовидонаи миллӣ ва оромии абадӣ орзӯ менамоям.

 

Азимӣ Сарҳад Мурод

котиби маҷлиси

судии суди ВМКБ