ПАРЧАМ – РАМЗИ ИФТИХОР ВА ИСТИҚЛОЛИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН
ПАРЧАМ – РАМЗИ ИФТИХОР ВА ИСТИҚЛОЛИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 24-уми ноябри соли 1992, дар рӯзҳои баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Ин давра барои давлат ва миллати тоҷик лаҳзаҳои тақдирсоз буд. Парчаме, ки имрӯз бар фалак меафрозем, ҳамчун рамзи оғози Давлати мустақили тоҷикон пазируфта шуд ва дар рӯзҳои мушкил ба мардуми кишвар умеду итминон бахшид. Қабули парчами давлатӣ омили муҳими муттаҳидсозӣ, оғози марҳилаи рушти устувори миллӣ ва тасдиқи худшиносии миллӣ гардид.
Зикр кардан ба маврид аст, ки бо қабули рамзҳои сиёмӣ, махсусан Парчами давлатӣ, бо талошу заҳматҳои шабонарӯзӣ ва ҷонисориҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳи тоҷикон ба даст омад ва давлат ба шоҳроҳи дигаргуниҳои азими сиёсисиву иҷтимоӣ ва бунёдкориву созандагӣ қадамҳои нахустини устувор гузошт.
Парчами миллии мо бо рангҳои пурмаънои сурх, сафед, сабз ва нишону тоҷ бо ҳафт ситора, натанҳо рамзи давлат, балки рамзи фарҳанг, худшиносӣ ва таърихи бисёрасраи миллати тамадунофари мо мебошад. Он мазҳари шуҷоату матонати ниёгон, погизагии виҷдону сулҳхоҳӣ ва инчунин рамзи зиндагии созанда ва пешрафти ҷамъият мебошад.
Барои мақомоти судӣ Парчами давлатӣ аҳамияти хосса дорад. Зеро фаъолияти ҳар як судя, корманди суд ва системаи судӣ дар маҷмӯъ маҳз дар доираи ҳифзи арзишҳои Конститутсионӣ, эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ ва татбиқи одилонаи қонунҳо сурат мегирад. Парчам барои мо танҳо аломати расмӣ нест – он рамзи адолат, қонуният ва масъулияти баланд аст.
Ҳоқимияти судии кишвар ҳамчун яке аз рукнҳои асосии ҳокимияти давлатӣ вазифадор аст, ки принсипҳои адолат, баробарӣ, қонуният ва ҳифзу ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро таҳким бахшад. Ин рисолати пуршараф дар зери Парчаме иҷро мешавад, ки нишонаи истиқлолият ва нуфузи давлат аст. Аз ин рӯ, эҳтироми Парчами давлатӣ барои кормандони мақомоти судӣ натанҳо вазифаи шаҳрвандӣ балки масъулияти хизматӣ ва ахлоқӣ ба ҳисоб меравад.
Имрӯз, дар шароте ки ҷомеаи мо ба сӯи пешрафти устувор қадам мегузорад, нақши адолати судӣ боз ҳам муҳимтар мегардад. Таҳкими пояҳои ҳуқуқу қонуният, баланд бардоштан сатҳи боварии мардум ба адолати судӣ ва таъмини ҳимояи воқеии ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон – ин ҳама корҳое мебошад, ки кормандони мақомоти судӣ рӯз то рӯз таҳти ин рамзи муқаддас иҷро менамоянд.
Парчами давлатӣ барои мо ҳамчун кормандони соҳаи ҳуқуқ рамзи он аст, ки адолат бояд барои ҳама баробар бошад, қонун бояд мақоми олӣ дошта бошад ва масъулияти касбӣ бояд дар кадом сатҳе бошад, ки ба шаъни рамзҳои давлатӣ мувофиқ бошад.
Хулоса, рӯзи Парчами давлатӣ ҷашнест, ки дар он мардуми Тоҷикистон бо ифтихор ба гузашта менигарад, дастовардҳои имрӯзаашро қадр мекунад ва ба ояндаи обод назар меандозад. Парчами се ранги мо – сурх, сафед ва сабз – рамзи ягонагии миллат, сулҳу субот ва рушди бонизоми давлат мебошад.
Парчам рамзи давлатдорӣ, ваҳдат, сарбаландӣ ва шарафи миллати мост. Орзу дорем, ки ҳамеша дар Тоҷикистони азиз сулҳу субот, оромӣ ва пешрафт ҳукумфармо бошад ва номи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар ҷаҳон боз ҳам балантар гардад!
Рӯзи Парчами давлатӣ муборак!
Муовини якуми раиси суди ВМКБ
З.Бобизода
Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 

