НИШАСТИ МАТБУОТИИ СУДИ ВМКБ

8 октябри соли 2019 дар Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон вобаста ба натиҷаи фаъолияти суди вилоят дар давраи нуҳ моҳи соли 2019 нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Дар кори нишасти матбуотӣ судяҳо ва кормандони масъули дастгоҳи Суди ВМКБ иштирок намуданд.

Дар оғози нишасти матбуотӣ аз ҷониби раиси Суди ВМКБ Усмонзода Ш. доир ба натиҷаи фаъолияти суд дар нуҳ моҳи соли 2019 ба таври мухтасар ба намояндагони воситаи ахбори омма ахборот пешниҳод карда шуд.

Қайд гардид, ки дар давоми нуҳ моҳи соли 2019 аз ҷониби Суди ВМКБ ва судҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят дар марҳилаҳои якум, кассатсионӣ ва назоратӣ дар маҷмӯъ 2063 адад парвандаҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Аз ҷумла, дар марҳилаи якуми Суди ВМКБ ва судҳои шаҳру ноҳияҳо дар давраи ҳисоботӣ 152 ададро парвандаҳои ҷиноятӣ, 121 адад парвандаҳои гражданӣ, 251 адад парвандаҳои оилавӣ ва 1526 адад парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Ҳамзамон, аз ҷониби Суди ВМКБ дар ин давра ба тариқи кассатсионӣ аз рӯи парвандаҳои ҷиноятӣ 9 адад, доир ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ 4 адад, доир ба баҳсҳои гражданӣ 4 адад ва доир ба парвандаҳои оилавӣ бошад 1 адад шикоят ва эътирозҳои кассатсионӣ баррасӣ гардидаанд.

Баррасии парвандаҳои судӣ ба тариқи назоратӣ 4 адад парвандаҳои ҷиноятӣ, 3 адад парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва 1 адад парвандаи гражданиро ташкил медиҳанд.

Вобаста ба риоя накардани Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби судҳои вилоят 18 адад парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мавриди баррасӣ қарор дода шудааст.

Вобаста ба риоя накардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби судҳои шаҳру ноҳияҳои ВМКБ ва шаҳру ноҳияҳои он  715 адад парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ гардидааст.

Баҳри дар амал татбиқ намудани «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019», ки ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон равона шудааст, 216 парвандаҳо дар мурофиаҳои сайёри судӣ баррасӣ гардида, судяҳо ва кормандони дастгоҳҳои судҳои ВМКБ дар мавзӯъҳои ҳуқуқӣ дар телевизиону радио 36 баромадҳо карда, дар рӯзномаю маҷаллаҳо 17 мақола ба нашр расонида, 195 маротиба дар ташкилоту идораҳо, муассисаҳои таҳсилоти миёна ва донишкадаҳои олӣ вохӯрию мулоқотҳо баргузор намуданд.

Бо мақсади ҷалб намудани диққати мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шахсони мансабдор ба ҳолатҳои вайронкунии қонун ва сабабу шароитҳое, ки ба содир шудани қонунвайронкунӣ мусоидат кардаанд, судяҳо 67 таъинотҳои хусусӣ бароварда, барои чораҷӯӣ ба мақомотҳои дахлдор ирсол намудаанд.

Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди ба роҳ мондани қабули шаҳрвандон, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрели соли 2010 бармеояд, бевосита аз ҷониби раиси Суди ВМКБ дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ 131 нафар муроҷиаткунандагон қабул карда шуданд.

Суди ВМКБ