НИШАСТИ МАТБУОТИИ СУДИ ШАҲРИ ХОРУҒ

8 октябри соли 2019 дар суди шаҳри Хоруғ вобаста ба натиҷаи фаъолияти суди шаҳр дар давраи нуҳ моҳи соли 2019 нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Дар кори нишасти матбуотии мазкур судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди шаҳри Хоруғ иштирок намуданд.

Кори нишасти матбуотӣ аз пешниҳоди ахбороти раиси суди шаҳри Хоруғ Меҳмон А. доир ба натиҷаи фаъолияти суд дар нуҳ моҳи соли 2019 ба намояндагони воситаи ахбори омма оғоз гардид.

Аз ҷумла қайд карда шуд, ки дар давоми нуҳ моҳи соли 2019 аз ҷониби суди шаҳри Хоруғ дар маҷмӯъ 831 адад парвандаҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Аз шумораи парвандаҳои баррасигардида 39 ададро парвандаҳои ҷиноятӣ, 51 ададро парвандаҳои гражданӣ, 72 ададро парвандаҳои оилавӣ, 598 ададро парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, 50 ададро дархостҳои мақомоти тафтишотӣ ва 21 ададро пешниҳодҳои муассисаҳои ислоҳӣ ва иҷрочиёни Хадамоти иҷро ташкил медиҳанд.

Вобаста ба риоя накардани Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар давраи ҳисоботӣ 3 адад парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ гардида, дар натиҷаи баррасии парвандаҳо ба 3 нафар ба маблаги 13250 сомонӣ ҷарима татбиқ гардид.

Шумораи парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷиҳати риоя накардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ки аз ҷониби судяҳо баррасӣ гардидаанд, ба 129 адад расида, бо 129 парванда нисбати 129 нафар қарор қабул карда шуда, дар маҷмӯъ нисбати 22 нафар ҷазои огоҳӣ ва нисбати 107 ҷазои ҷаримаи маъмурӣ ба маблағи умумии 8975 сомонӣ таъин карда шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ 13 парвандаҳо дар мурофиаҳои сайёри судӣ баррасӣ гардида, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди шаҳри Хоруғ дар мавзӯъҳои ҳуқуқӣ дар телевизиону радио 7 баромадҳо карда, дар рӯзномаю маҷаллаҳо 3 мақола ба нашр расонида, 27 маротиба дар ташкилоту идораҳо, муассисаҳои таҳсилоти миёна ва донишкадаҳои олӣ вохӯрию мулоқотҳо баргузор намуданд.

Бо мақсади ҷалб намудани диққати мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шахсони мансабдор ба ҳолатҳои вайронкунии қонун ва сабабу шароитҳое, ки ба содир шудани қонунвайронкунӣ мусоидат кардаанд, судяҳо 23 таъинотҳои хусусӣ бароварда, барои чораҷӯӣ ба мақомотҳои дахлдор ирсол намудаанд.

Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди ба роҳ мондани қабули шаҳрвандон, бевосита аз ҷониби раиси суди шаҳри Хоруғ дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ 71 нафар муроҷиаткунандагон қабул карда шуданд.

Суди шаҳри Хоруғ