НАТИҶАИ ФУТБОЛИ ХУРД +35 СУДИ ВМКБ БО КАМИСАРИАТИ ҲАРБИИ ВМКБ

Натичаи бозии Футболи хурд + 35,
Санаи 15.11.2025 байни Суди ВМКБ ва Камисариати ҳарбии ВМКБ

СУДИ ВМКБ 8:3 КАМИСАРИАТИ ҲАРБИИ ВМКБ

Тибқи нақша чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бахшида ба таҷлили Рӯзи Президент ва Парчами давлатӣ мусобиқаи варзишӣ аз намуди футболи хурд байни сохторҳои қудратӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ байни мардони аз синни 35 боло дар назар дошта шудааст. Мусобиқаи мазкур аз санаи 11-ум оғоз гардида дар арафаи Рӯзи Парчами давлатӣ ҷамъбаст мегардад. Дар ин мусобиқа 14 даста иштирок намуда бо ҳам рақобат менамоянд.