МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ҒАЛАБА
Санаи 8- уми майи соли 2026 дар бинои Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо ибтикори раиси суди ВМКБ Умарзода Фирдавс Тавакалхуҷа бо иштироки роҳбарият, судяиҳо ва кормандои дастгоҳи суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон маҷлиси тантанавӣ бахшида ба «РӮЗИ ҒАЛАБА» баргузор гардид.


Инчунин дар маҷлис мудири бахши таъмину ташкили кори судҳои Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Тойчиева Перизат Шакировна вобаста ба рузи ғалаба баромад намуд. қайд кард, ки кормандони ҳокимияти судӣ дар пойдории адолат, волоияти қонун ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон нақши бисёр муҳим доранд. Адолат яке аз асосҳои сулҳу оромӣ дар ҷомеа мебшад. Агар дар ҷомеа қонун этиром шавад ва ҳақиқат ҳимоя гардад, суботу пешрафт таъмин мегардад. Дар охир Раиси Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳамаи кормандонро ба муносибати Рӯзи Ғалаба табрик гуфта, ба онҳо саломатӣ, саодатмандӣ ва муваффақиятҳои нав орзу намуд.


Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 

