БАРРАСИИ ПАРВАНДА

        Санаи 13 июли соли 2023 парвандаи ҷиноятӣ нисбати Юсупов М. М. дар содир намудани ҷинояти бо моддаҳои 3351 қисми 2 бандҳои “а, б, д” (Ташкили воридшавии ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрванд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ташкили гузариши транзитии ғайриқонунӣ ба воситаи ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон (такроран, аз ҷониби гурўҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ё гурўҳи муташаккил ва бо мақсади машғул шудан бо фаъолияти ғайриқонунӣ)), 36 қисми 3-289 қисми 4 банди “а”(қачоқ, (такроран)), 36 қисми 3-200 қисми 4 банди “д” (Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ ё ҳаммонанди (аналоги) онҳо бо  мақсади   ба соҳибияти каси дигар додан (ба миқдори махсусан калон содир шуда бошад))-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, нисбати Нуров М. Р. ва Одинаев С.Ш. дар содир намудани ҷинояти бо моддаи 200 қисми 4 банди “д” (Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ ё ҳаммонанди (аналоги) онҳо бо  мақсади   ба соҳибияти каси дигар додан (ба миқдори махсусан калон содир шуда бошад))-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷиистон баррасӣ гардид.

    

        Дар натиҷаи ҷамъбасти баррасии парвандаи мазкур аз тарафи раисикунандаи парванда судяи Суди ВМКБ Нурализода С.М. ба Юсупов М.М. бо моддаҳои дар боло зикршуда ҷазои ниҳоӣ дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 23 сол, бидуни маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян, ба Нуров М.Р. бо моддаи дар боло зикршуда ҷазои ниҳоӣ дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 15 сол ва ба Одинаев С.Ш. бо моддаи дар боло зикршуда ҷазои ниҳоӣ дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 12 сол бо адо намудани ҷазо дар колонияиҳои ислоҳии дорои низомаш сахт таъин карда шудааст.