БАРОМАД ДАР МАВЗУИ МАЪРИФАТИ ХУКУКӢ
МАЪРИФАТИ ХУҚУҚӢ
АСОСИ ТАЪМИНИ ВОЛОИЯТИ ҚОНУН
Дар ҳамоиш таҳти унвони «Саҳми Пешвои миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташакул ва рушди низоми нави ҳуқуқи миллӣ».
Дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”, ки 28-уми декабри соди 2023 ироа гашт, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки ба ифтихори санаи бисёр муҳими таърихӣ, яъне 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардад.
Сарвари давлат таъкид намуданд, ки “Баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ омили асосии эъмори давлати ҳуқуқбунёд, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таъмин намудани волоияти қонун мебошад”.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчун сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ, баъд аз ҷаҳду талошҳои зиёди ба эътидол овардани вазъи ноороми кишвар тавонистанд, ки сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро дар арсаи байналмилалӣ мустақилона муайян намоянд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои соҳибистиқлолӣ, бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд, тавонистанд пешрафти устувори Ватанро таъмин намоянд, мақоми онро дар арсаи байналмилалӣ боло бардоранд, пояҳои давлатдории мустақилро тақвият бахшида, кӯшишу талоши худро барои фароҳам овардани шароити мусоид ва зиндагии шоиста равона созанд.
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон Ҳукумати мамлакат ҳифзи ҳуқуқ ва озодии инсон ва рушди низоми ҳуқуқи миллиро яке аз самтҳои асосии фаъолияти худ қарор додааст.
Ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва барқарории Ваҳдати миллӣ рӯйдодҳои муҳимми таърихи навини халқи тоҷик ба ҳисоб мераванд. Ин арзишҳои муҳимми миллӣ ва сарнавиштсоз имкон доданд, ки дар мамлакат сулҳу субот барқарор шуда, ҳаёти ҷомеа ба маҷрои зарурӣ равона шавад, қонунияту тартибот ҳукмрон гардад ва дар ин замина соҳаҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт, фарҳангу маънавиёт ва ҳуқуқу қонуният рушд ёбанд.
Пас аз пазируфта шудани давлати ҷавони Тоҷикистон ба узвияти созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ аксарияти санадҳои байналмилалии дар соҳаи ҳуқуқ ба тасвиб расонида шуданд. Аз ҷумла, Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, ва ғайраҳо, ки ин санадҳои номбаргардида дар ташаккули низоми ҳуқуқи миллӣ нақши муҳим гузоштанд.
Баъд аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд, ки он пояҳои истиқлолият ва асосҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоиро таҳким бахшида, сарчашмаи ташаккули низоми нави ҳуқуқи миллӣ дар Тоҷикистон гардид ва иштироки озодонаву васеи шаҳрвандонро дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишвар ва идораи давлат таъмин намуд. Принсип ва меъёрҳое, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ифода ёфтаанд, заминаи инкишофи низоми ҳуқуқии кишварро муайян менамоянд.
Дар баробари дигар соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятии кишвар бахши низоми ҳуқуқи миллӣ низ рушд ёфта истодааст. Ба рушди низоми ҳуқуқи миллӣ ва қонунгузории мамлакат Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон замина гузошт ва аввалин қонунҳои нав ба манфиати давлату миллат зарурӣ қабул шуданд. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Парчами давлатии Тоҷикистон», «Дар хусуси тасдиқи низомномаи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, ташаккули низоми ҳуқуқи миллӣ, тақвияти соҳибихтиёрӣ ва давлатдории миллӣ, таҳкими идоракунии давлатӣ, ҳифзи саломатии аҳолӣ, рушди маориф ва илм, фарҳанг, кафолати фаъолияти озоди иқтисодїӣ, баробарӣ ва гуногунии шаклҳои моликият, рушди соҳибкорӣ, таъмини ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи ҷомеа вазифаҳои якумдараҷаи сиёсати ҳуқуқии Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд, ки ин ҳама аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегиранд.
Дар таърихи ташаккули низоми ҳуқуқи миллӣ ва қонунэҷодкунии мамлакат бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду қонуне қабул карда шудааст, ки сирф хислати миллӣ дошта, дар таҷрибаи давлатҳои дигар дида намешаванд ва давлатҳои дигар ин шакли қонунэҷодкунӣ таҷриба омӯхта истодаанд, ки ин қонунҳо дар ташаккули низоми ҳуқуқи миллӣ нақши муҳим доранд. Ин қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» мебошанд.
Пеш аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» Сардори давлат зикр намуданд, ки ҳадафи қабули қонуни мазкур аз байн бурдан ва барҳам додани расму оинҳои халқӣ ва маросимҳои динӣ нест, балки раҳоии мардум аз банди худнамоӣ ва таассубу хурофотпарастӣ аст, чунки дар ҷомеа равияҳои мазҳабии дорои хусусияти ифротӣ ибтидо ва вусъат гирифтанд. Мақсади асосии қонуни мазкур беҳтар намудани шароити зисти мардум ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ мебошад.
Бояд тазаккур намуд, ки баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз вазифаҳои муҳимтарин ва нахустдараҷаи кишварҳое маҳсуб меёбад, ки роҳи бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёдро пеш гирифтаанд. Дар моддаи якуми Конститутсияи амалкунанда хусусиятҳои соҳибихтиёрӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидааст. Арзишҳои номбурда собит месозанд, ки давлат дар пояи қонун ва ҳуқуқ бунёд ёфта, рушди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ба сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии аҳолӣ вобастагии зиёд дорад. Маърифати баланди ҳуқуқӣ асоси ҷомеаи демократӣ ва нишондиҳандаи камолоти низоми ҳуқуқӣ мебошад. Ин омилест, ки ба танзими тамоми равандҳои гуногуни зиндагӣ таъсир дорад, ки ба муттаҳидсозии шаҳрвандон, ҳамаи гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва таҳкими ин гуна ҷомеаро дастгирӣ намуда, дар он тартиботро нигоҳ медорад.
Яке аз унсурҳои маърифати ҳуқуқӣ риояи қонун ва сармашқи фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор додани меъёрҳои қонунгузории кишвар аст, ки ин боис мегардад, маданияти ҳуқуқии аҳолӣ ба натиҷаи дилхоҳ расад. Эҳтиром ба қонун яке аз талаботи асосии ҷомеаи ҳуқуқӣ, фаъолияти самарабахши низоми сиёсӣ ва ҳуқуқӣ мебошад. Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон шудани соли 2024 бояд марҳилаи нави рушди ҷомеа дониста шавад. Яъне, баъд аз тай намудани марҳалаҳои мушкилу печдарпечи солҳои нахустини истиқлоли давлатӣ таҳти роҳбарии Пешвои миллат бо сахтиродагӣ раҳо ёфтан аз ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, муваффақона бартараф намудани оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ, босуръат гузаштан ба марҳилаи ободкорӣ ва созандагӣ, мақоми устувор гирифтан дар доираҳои бонуфузи байналмилалӣ ва харитаи сиёсии ҷаҳонӣ, қабул гардидани санад ва қонунҳои ҷавобгӯ ба талаботи замон акнун фурсати он расидааст, ки қонун меҳвари фаъолият, зиндагӣ ва мавҷудияти минбаъдаи сокинони мамлакат бошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шурӯъ аз соли 1992 ум масоили баланд бардоштани сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандони мамлакатро хеле муҳим ва мубрам арзёбӣ намуданд. Дар ин замина Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9-уми апрели соли 1997 «Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷyмҳypии Тоҷикистон» ба имзо расид. Фармони мазкур бо мақсади таъмини волоияти қонун, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва пешгирии қонунвайронкуниҳо қабул карда шуд.
Зимни суханронӣ дар Паёми навбатии хеш Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якчанд нуктаҳои асосиро оид ба низоми ҳуқуқӣ қайд намуданд, ки: «Таъмин намудани рушди устувор ва босуръати кишвар танзими ҳуқуқии саривақтӣ ва ҳамаҷонибаро талаб менамояд. Қонунгузорӣ бояд пайваста такмил дода шавад ва ҳамқадами ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бошад».
Аз ин ҷост, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи хеш ба Маҷлиси Олӣ аз ташаккул ва рушди ояндаи низоми ҳуқуқии кишвар ёдовар шуда таъкид карданд, ки: «Ҳоло дар кишвар барномаи сеюми таълим ва тарбияи ҳуқуқӣ барои солҳои 2020-2030 амалӣ шуда истодааст. Масъалаи дигари муҳим, ки дар низоми ҳуқуқии кишвар нақши калидӣ дорад, таъмини волоияти қонун буда, он меҳвари фаъолияти мақомоти ҳокимияти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб меравад. Таъмин намудани дастрасӣ ба адолати судӣ ва иттилоот оид ба фаъолияти судҳо, муҳокимаи ошкоро ва одилонаи судӣ ба таҳкими қонуният, пешгирӣ кардани содиршавии ҷиноят, эҳтиром ба қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мусоидат менамояд». Масъалаи дигари муҳим, ки дар низоми ҳуқуқии кишвар нақши калидӣ дорад, таъмини волоияти қонун буда, он меҳвари фаъолияти мақомоти ҳокимияти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб меравад.
Баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он ва таъмин намудани волоияти қонун, яке аз принсипҳои асосии низоми ҳуқуқӣ дар аксари кишварҳо аст. Ин принсип маънои онро дорад, ки қонун сарчашмаи олии меъёру қоидаҳо дар ҷомеа буда, тамоми меъёрҳо ва санадҳои дигари ҳуқуқӣ бояд ба он мувофиқ бошанд ва хилофи он набошанд.
Дар ҷомеа агар шахс аз донишҳои илми ҳуқуқшиносӣ огоҳ ва бархурдор набошад, пас ӯ наметавонад дар рафти таҳлили санадҳои ҳуқуқӣ техникаи қонунгузориро дуруст истифода барад. Маҳз ҳангоми доштани маълумоти кофӣ дар бораи мафҳумҳо, принсипҳо, методҳо, соҳаҳо, калимаҳо ва дигар унсурҳои илми ҳуқуқшиносӣ, мо метавонем воситаҳои қонунгузориро дуруст истифода барем.
Ҳаминро бояд таъкид намуд, ки баҳри дар амал дуруст татбиқ шудани меъёрҳои соҳаҳои ҳуқуқи миллӣ, ҳамчунин, қонунҳо, кодексҳо, стратегияҳо, консепсия ва барномаҳои давлатӣ бояд савияи дониши шаҳрвандон, хусусан маърифати ҳуқуқии аҳолӣ баланд бардошта шавад.
Дар тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ин пеш аз ҳама, хондану муҳокима намудани Конститутсия, Паёми Пешвои миллат, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, воситаи тавоно дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошанд.
Хулоса, нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими низоми ҳуқуқи миллӣ ва қонунгузории кишвар ниҳоят калон аст, зеро ҳар як соҳаи ҳуқуқ, инчунин, кодекс, қонун, барнома ва стратегияҳое, ки аз ҷониби Пешвои миллат ба имзо мерасанд, бо назардошти манфиатҳои миллӣ, мутобиқат бо меъёрҳои байналмилалӣ ва такмили низоми ҳуқуқи миллӣ қабул карда мешаванд.
Ҳамин тавр эълон гардидани соли 2024 ҳамчун соли маърифати ҳуқуқӣ метавонад дар замири шаҳрвандони мамлакат эҳсоси муҳаббат ба Ватан, арзишҳои ватандӯстӣ, садоқат ба марзу буми аҷдодӣ ва фарҳангу маданияти ғании тоҷиконро бедор созад.
Дар охир ба ҳамаи Шумо тансиҳатию сарфарози, дар ватанамон тиньию амони сулҳу субот, дар хона ва рузгоратон хушбахти хохонам.
Ба диққататон ташаккур.
Раиси Суди ВМКБ
А.Назарзода