БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ҲАРМОҲАИ СУДЯҲОИ СУДИ ВМКБ ВА ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ОН

Санаи 29 уми августи соли 2025 дар бинои суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон семинари моҳи августи соли 2025 аз ҷониби муовини якуми раиси суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо иштироки муовини раиси суд ва судяҳои суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, раисон ва судяҳои судҳои шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, раис ва судяи суди ҳарбии гарнизони Хоруғ баргузор гардид.

Дар семинари мазкур судяи суди ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Давлатқадамзод С.С. дар мавзӯъи «Омӯзиши Стратегияи Давлатии муқовмат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025)» ва судяи суди ноҳияи Рушони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Сафарзода Ш.А. дар мавзӯъи «Тағйир додан ва бекор кардани шартнома (моддаҳои 516-519 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон)» маъруза кардаанд. Аз ҷониби судяи суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Миршарифзода С.Қ. ба мавзӯъҳои маъруза шуда хулоса дод.