БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ҲАРМОҲАИ СУДЯҲОИ СУДИ ВМКБ ВА ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ОН

Санаи 24 уми апрели соли 2026 дар бинои суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон семинари моҳи апрели соли 2026 аз ҷониби муовини якуми раиси суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо иштироки муовини раиси суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судяҳои суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, раисон ва судяҳои шаҳру ноҳияҳои он баргузор гардид.

Дар семинар Раиси суди ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Искандархонзода Б.А. дар мавзӯъи «Муқарароти умумӣ оид ба меросгирӣ, меросгирӣ бо васиятнома» баромад намуда, мисолҳои мушаххас ва таҷрибаи судӣ овард. инчунин мавзӯҳои «Хусусиятҳои ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ҷазодиҳии ноболиғон боби 14 моддаҳои 86, 87, 88, 89, 90, 92 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «бақайдгирӣ ва баҳисорбгирии парвандаҳои маданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, маводҳо дар бораи татбиқи чораҳои маҷбуркунии мурофиавӣ, пешниҳоди иҷрочиёни хадамоти иҷрою сардорони муассисаҳои ислоҳи ва вобаста ба иҷрои санадҳои судӣ» аз ҷониби судяҳо муҳокима карда шуд. Муовини раиси суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Саломатшозода М. Д. ба мавзӯъҳои маърузашуда хулоса дод.