БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ҲАРМОҲАИ СУДЯҲОИ СУДИ ВМКБ ВА ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ОН

Санаи 27 уми феврали соли 2026 дар бинои суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон семинари моҳи феврали соли 2026 аз ҷониби муовини раиси суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо иштироки судяҳои суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, раисон ва шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва кормандони дастгоҳи судҳо баргузор гардид.

Дар семинар судяи ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Давлатқадамзод Саидқоим Саидқадам дар мавзӯъи «Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар ҳуқуқи мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон: мафҳум, қобилияти ҳуқуқдорӣ ва қобилияти амалкунӣ» ва судяи суди ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Сафарзода Шосафар дар мавзӯъи «Ба моликият гирифтани манзили истиқоматӣ, асосҳои ба вуҷуд омадани ҳуқуқи моликият ба манзили истиқоматӣ, ҳуқуқи моликиятба хонаи истиқоматӣ ё бинои бисёрхонагии сохташуда» маъруза карданд. Аз ҷониби судяҳои суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба мавзӯъҳои маърузашуда хулоса дода шуд.

Инчунин сардори шӯъбаи коргузории судии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Зайдуллозода Ганҷовар Иқболшо, котиби суди шаҳри Хоруғ Вистобатшоева Ясмина Шакариновна, котиби суди ноҳияи Шуғнон Абдулхолиқзода Парвина дар мавзӯъҳои «Чораҳои таӯминкунандаи пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ҷиноятҳо ба муқобили амнияти ҷамъиятӣ, ҷиноятҳои хусусияти терроризмдошта» маърӯза карданд.