БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ҲАРМОҲАИ СУДЯҲОИ СУДИ ВМКБ ВА ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ОН

Санаи 30 январи соли 2026 дар бинои суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон семинари моҳи январи соли 2026 аз ҷониби раиси суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Умарзода Фирдавс Тавакалхуҷа бо иштироки роҳбарият судяҳо ва котибони суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, раисони судҳои шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва судяи суди ҳарбии гарнизони Хоруғ баргузор гардид.

Дар семинари мазкур судяи суди шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Юсуфбекзода Роҳила Юсуфбек дар мавзӯъи «Озод кардан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ» тибқи моддаҳои 72,73,74 ва 75 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси суди ноҳияи Рушони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Баҳриддинзода Ҳилол дар мавзӯъи Фарзандхондии кӯдак боби 29, моддаҳои 274-280 КММ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боби 19 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯза намуданд ва аз ҷониби судяи суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Миршарифзода Сайдали ба мавзӯъҳои маърузашуда хулоса дода шуд.