БАРГУЗОР ГАРДИДАНИ СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ДАР САМТИ МУҚОВИМАТ БА САВДОИ ОДАМОН ДАР ШАҲРИ ХОРУҒ

Санаи 10 марти соли 2026 бо ташаббуси Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон дар толорҳои маҷлисгоҳи макомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ семинарҳои омӯзишӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон бо судяҳои Суди ВМКБ ва шаҳру ноҳияҳои тобеи он, прокурорҳои ВМКБ шаҳру ноҳияҳои тобеи он, кормандони сохторҳои тафтишотӣ ва оперативии раёсатҳои мақомоти прокуратура, корҳои дохилӣ, КДАМ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Агентии назорати маводи нашъаовар, ва Хадамоти гумрук дар ВМКБ баргузор гардид.