БАРГУЗОР ГАРДИДАНИ ДАВИ МИЛЛӢ ДАР ВМКБ
Қобили зикр аст, ки ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи май дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Дави миллӣ таҷлил гардида, ин иқдоми варзишиву оммавӣ бо ҳадафи тарғиби тарзи ҳаёти солим, рушди варзиш ва таҳкими дӯстиву ҳамдилии шаҳрвандон баргузор карда мешавад.


Ҳамзамон, зимни баргузории чорабинӣ таъкид гардид, ки Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ имрӯз ба як анъанаи неки миллӣ табдил ёфта, таърихи он бозгӯи таваҷҷуҳи рӯзафзуни давлату Ҳукумат нисбат ба рушди варзиш, таҳкими тарзи ҳаёти солим ва муттаҳидии ҷомеа мебошад.


Намояндагони ҳокимияти судии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ҷумлъа; роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ ва ҳарбии гарнизони Хоруғ низ дар чорабинии Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ фаъолона иштирок намуда, баргузории чунин тадбирҳоро омили муҳими таҳкими тарзи ҳаёти солим, болоравии ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ ва таҳкими ваҳдату ҳамбастагии ҷомеа арзёбӣ намуданд.



Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 

