Ҷамъбасти фаъолияти судҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар соли 2025

Санаи 6 январи соли 2026 дар бинои Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷамъбасти фаъолияти судҳо дар соли 2025 аз ҷониби Раиси Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Умарзода Фирдавс Тавакалхуҷа бо иштироки судяҳои Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, инчунин раисон ва судяҳои шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баргузор гардид. Ҳамзамон, як қатор супоришҳои хаттии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни ҷамъбастӣ ба саҳми иштирокдорон расонида шудаанд.