БАРРАСИИ ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ

Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ҳайати раисикунанда судяи Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Абдуғафурӣ Анварҷон дар маҷлиси ошкорои сайёри судӣ дар бинои «Маркази ҷавонон»и шаҳри Хоруғ 22-юми майи соли 2026 парвандаи ҷиноятӣ нисбати шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон сокини шаҳри Хоруғ бо моддаҳои 257 қисми 1 ва 340 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиноятҳои тасаруфи воситаҳои фондҳои кӯмаки хориҷӣ, яьне сохтакории ҳуҷҷатҳои расмии ҳуқуқдиҳанда ё аз ӯҳдадории озодкунанда бо мақсади истифода аз ҷониби худи сохтакор ё шахиси дигар ба соҳиябяти каси дигар додани чунин ҳуҷҷат инчунини истифодаи ҳуҷҷатҳои барало қалбакиро содир намудааст, мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор дода, ҳукм кард. Номбурда бо моддаҳои 257 қисми 1 ва 340 қисми 1- и КҶ ҶТ гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазо дар доираи қонун таин карда шудаст.