БАРГУЗОР ГАРДИДАНИ СУҲБАТУ ВОХӮРӢ ДАР НОҲИЯИ РУШОНИ ВМКБ

Санаи 19 уми майи соли 2026 бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон Раиси Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Умарзода Фирдавс Тавакалхуҷа дар якҷоягӣ бо Сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар ВМКБ генерал-майори милитсия Шафизода Рустам Исмоил, Сардори Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар ВМКБ полковники адлия Акрамзода Фахриддин ва Прокурори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мушовири адлияи дараҷаи 1 Зайниддинзода Амир Куҳкан дар толори МИҲД-и ноҳияи Рушони ВМКБ суҳбату вохӯрӣ дар мавзӯъҳои “Муқовмат бо савдои одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон”, “Пешгирии ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта” ва “Пешгири ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионидошта” баргузор карда шуд.

Қайд карда шуд, ки савдои одамон яке аз ҷиноятҳои вазнин ва хавфноки муосир ба шумор рафта, ба ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон таҳдиди ҷиддӣ менамояд. Ин падидаи номатлуб боиси поймол гардидани шаъну шарафи инсон, маҳдуд намудани озодии шахсӣ ва истифодаи ғайриқонунии мӯҳнат ё истисмори ҷинсӣ мегардад. Ҷумҳурии тоҷикистон ҳамчун давлати ҳуқуқбунё ва иштирокчии муносибатҳои байналмилалӣ мубориза бар зидди савдои одамонро яке аз самтҳои муҳими сиёсати ҳуқуқии худ мешуморад. Дар ин раванд нақши ҳокимияти судӣ бисёр муҳим мебошад, зеро маҳз суд адолати судиро ҳифз мекунад ва гисбат ба гунаҳкорон ҷазои қонунӣ татбиқ менамояд. https://www.facebook.com/share/v/1JFffMMri2/?mibextid=wwXIfr