ҶАШНИ НАВРӮЗИ АҶАМ
Санаи 18-уми марти соли 2026 дар бинои Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ҷониби раиси Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Умарзода Фирдавс Тавакалхуҷа, роҳбарият ва кормандони дастгоҳи Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дастаҷамъона бо раисон, судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои ноҳияҳои Шуғнон, Рушон, Роштқалъа, шаҳри Хоруғ, иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ҳарбии гарнизони Хоруғ ҷашни иди «Наврӯз» баргузор гардид.


Судяи суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Назри Муҳаммадвали, раиси суди Иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Азизӣ Назрибек, судяи суди ноҳияи Шуғнон Кишварзода Каюмарс ва пристави судии суди шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Оҷимамадова Шаҳноза дар чорабинии мазкур суханрониӣ намуда, ҳамаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо фарорасии Иди «Наврӯзи Байналмиллалӣ» табрику таҳният намуданд.


Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 



