Дави Наврӯзӣ дар шаҳри Хоруғ

Имрӯз дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — шаҳри Хоруғ бо иштироки Раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ, раиси суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Умарзода Фирдавс Тавакалхуҷа, роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи судди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, роҳбарону кормандони мақомотҳои давлатӣ ва сокинони шаҳр Дави Наврӯзӣ баргузор гардида, бо ин васила саҳми худро дар тарғиби тарзи ҳаёти солим ва рушди варзиш гузоштанд.

Дави Наврӯзӣ аз майдони Исмоили Сомонӣ оғоз гардида, дар назди Боғи Ғалабаи шаҳри Хоруғ ҷамъбаст гардид.

Чорабинии мазкур ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ баргузор гардида, рамзи дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ваҳдати ҷомеа ба шумор меравад.