МАҶЛИСИ МАШВАРАТӢ НАЗДИ РАИСИ СУДИ ВМКБ
Санаи 6- уми марти соли 2026 дар бинои суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ҷониби раиси суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Умарзода Ф.Т. бо иштироки роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон маҷлиси машваратӣ назди раиси суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баргузор гардида, дар он масъалаҳо оид ба интизоми меҳнат, дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани иди «Наврӯз «ва баъзе супоришҳои роҳбарияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима карда шуд.

Ҳамзамон роҳбарият бонувони суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро бо фарорасии иди «Модарон» табрик карданд.


Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 



