БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ҲАРМОҲАИ СУДЯҲОИ СУДИ ВМКБ ВА ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ОН
Санаи 28 уми ноябри соли 2025 дар бинои суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон семинари моҳи ноябри соли 2025 аз ҷониби раиси суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо иштироки роҳбарият ва судяҳои суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, раисон ва шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судяи суди ҳарбии гарнизони Хоруғ баргузор гардид.


Дар семинари мазкур раиси суди ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Манзаршо Ашурбек Имомёрбек дар мавзӯъи Омӯзиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ», аз 22- уми июни соли 2023, №1969 ва судяи суди ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Савриддинзода Акмалҷон Одилҷон дар мавзӯъи Таҳлили умумии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон » Дар бораи назорати маъмурӣ нисбат ба шахсони аз муассисаҳои ислоҳӣ озодшуда», аз 22- уми июни соли 2023, №1970.маъруза кардаанд. Аз ҷониби судяи суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Раҳмонзода Шариф Файз ба мавзӯъҳои маърузашуда хулоса дода шуд.


Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 

