РОҲПАЙМОӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз бо иштироки Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшоншаҳри Хоруғ роҳпаймоии идона аз назди Боғи Ғалаба то майдони И. Сомонӣ баргузор гардид, ки дар он тамоми қишриҳои ҷомеа аз ҷумла раис, роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ва шаҳри Хоруғ бо Парчам, аксҳои Пешвои муаззами миллат ва қаҳрамонони Тоҷикистон иштирок намуданд.
Пас аз роҳпаймоӣ дар майдони И.Сомонӣ чорабинии тантанавӣ бо садо додани суруди миллӣ оғоз гардид.

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муҳтарам Мирзонабот Алишер Худобердӣ ҳозиринро ба муносибати ин рӯзи фархунда табрик намуда, зикр дошт, бо мақсади арҷгузорӣ ба яке аз муқаддасоти миллӣ – Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рамзи кишвари озоду соҳибистиқлол, демокративу ҳуқуқбунёд ва нишони олии тамаддунофарии миллати бузурги тоҷикро ифода менамояд, имрӯзҳо дар тамоми гӯшаю канори Ватани маҳбубамон чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ баргузор гардида истодаанд.
Гуфта шуд, ки арҷ гузоштан ба рамзҳои давлатӣ, ин қадрдонӣ ва эҳтироми давлату давлатдории миллӣ, муқаддасоти миллӣ ва арзишҳои инсонӣ дониста мешавад. Дар ин росто, Парчами давлатӣ, ҳамчун ифодакунандаи орзуву омоли халқи тоҷик, дар қатори дигар муқаддасоти миллат, арзиш ва ҷойгоҳи махсус дорад.Бо ифтихор метавон иброз намуд, ки халқи тоҷик ҳанӯз аз замонҳои қадим дар масъалаи парчамдорию парчамсозӣ пешгом будаанд.
Аз ин ҷиҳат, аз замонҳои қадим Парчам қадру манзалати баланде дошт ва халқи тоҷик онро дар қатори дигар муқаддасот азиз медошту ҳифз мекард.
Аммо, танҳо Истиқлоли комили Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити мусоид фароҳам овард, ки рамзҳои давлатӣ аз нав эҳё ва қонунан мавриди истифода дар дохил ва хориҷи кишвар гарданд.
Муҳаббат ва эҳтироми Парчами миллии мо бояд дар қалби ҳар фарди бонангу номус маъво дошта бошад ва ӯро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои он ҳидоят намояд.

Дар охири чорабинӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи фарҳангӣ пешкаши ҳозирин карда шуд.