ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Санаи 24 ноябри соли 2025 дар бинои Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо ибтикори раиси суди ВМКБ Умарзода Фирдавс Тавакалхуҷа бо иштироки роҳбарияти суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судяиҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ, ҳарбии гарнизони Хоруғ ва кормандои дастгоҳи судҳои болозикр маҷлиси тантанавӣ бахшида ба «РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» баргузор гардид.

Дар ҷаласа иштирокдорон оид ба ҷойгоҳ ва арзиши Парчами давлатиӣ ҳамчун яке аз рамзҳои муқаддаси давлатдорӣ, нақши он дар таҳкими худшиносии миллӣ, ифтихор аз таъриху фарҳанг ва муаррифии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ суханронӣ намуда, ҳмчунин такид гардид, ки Парчами миллӣ рамзи ваҳдат, эҳтирому арҷгузории он вазифаи ҳар як шаҳрванд мебошад.
Маҷлиси тантанавӣ дар фазои эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва арҷгузории ба рамзҳои давлвтӣ ҷамъбаст гардид.


Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 

