Парчами Чумхурии Точикистон рамзи истиклоли давлати
Парчами Чумхурии Точикистон рамзи истиклоли давлати
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз 24 ноябри соли 1992 аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида буд. Минбаъд ин сана ҳамчун ҷашни умумимиллӣ аввалин маротиба рӯзи 24 ноябри соли 2009 бо ифтихор аз давлату давлатдорӣ ва соҳибистиқлолию соҳибихтиёрӣ, яъне баъди қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» бошукӯҳ Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон – 24 ноябр ҷашн гирифта шуд. Дар саросари кишвар вобаста ба он ҷашнвораю ҷамъомад ва маъракаҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангию варзишӣ баргузор гардиданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни табрикоташон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ қайд намуда буданд, ки «Парчами имрӯзаи давлатӣ яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад».
Дар он тасвири рангҳои сурх, сафед ва сабз, талошу мубориза ва саъйу кӯшиши халқу миллати тоҷикро баҳри озодиву истиқлол, худшиносиву меҳанпарастӣ ва ихтиёр намудани зиндагии орому осоишта, арзандаю поянда, осудаву устувор ифода менамояд.
Ранги сурх – рамзи ягонагии кишвар, сулҳу дўстии миёни миллатҳо ва ҷоннисориҳои мардум ба хотири ҳифзи марзу бум мебошад.
Ранги сафед – рамзи сафедӣ, покӣ, фаровонии барфу кӯҳҳои баланди кишвар ва боигарии асосии мамлакат – пахта аст.
Ранги сабз – рамзи водиҳои сабзпӯш, сарзамини кишоварзӣ, ҳамчунин шукуфоии кишвар аст.
Инъикоси тоҷ ва ҳафт ситора бошад, дар парчами давлатии Тоҷикистон аз соҳибдавлатӣ ва мустақилияту соҳибихтиёр будани Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.
Парчами давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳамчун рамзи бахту саодат, сарсабзию хуррамӣ ва сарбаландии миллату давлати тоҷикон, мақсаду ҳадафҳои созандаи ин миллати тамаддунофарро дар баландтарин минбару қасрҳои минтақавию байналхалқӣ ҷилвагар менамояд, ки ин боиси ифтихори мо мебошад.
Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рукн ё худ аломатҳои асосии муқаддасоти миллӣ буда, воҷиби эҳтиром ва арҷгузории кулли шаҳрвандон мебошад. Чунки дар радифи дигар муқаддасот, аз ҷумла Нишон, матн ва оҳанги Суруди Миллӣ аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ расман тасдиқ карда шудааст.
Қаблан рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ дар Низомномаҳои махсус, ки аз ҷониби Маҷлиси Олӣ тасдиқ карда шуда буданд, ифода ёфта буданд.
Баъдан 12 майи соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки дар он моҳият ва низоми истифодаи расмии рамзҳои давлатӣ дар якҷоягӣ муқаррар шуданд.
Дар тӯли таърих ва умуман ҳоло ҳам дар забони муошират аз Парчам бо номҳои гуногун, аз ҷумла: «Байрақ», «Ливо», «Парчам», «Алам», «Дурафш» ва ғайраҳо ном мебаранд. Аммо дар Қонуни асосии кишвар (моддаи 3) дар қатори дигар рамзҳои давлатӣ он ба мафҳуми зебои сирф тоҷикӣ «Парчам» сабт шуда, нишони устуворӣ, пойдории давлату миллат ва забони миллиамон мебошад.
Эҳтироми волои рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯхдадории ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ буда, дар ҳама ҳолат ба рамзҳои давлатӣ чунин муносибатро ба роҳ мондан зарур аст, ки нисбати онҳо беҳурматӣ зоҳир нагардад.
Парчам яке аз рамзҳои муқаддаси давлатдории тоҷикон буда, дар баробари дигар муқаддасотҳо, аз ҷумла нишони давлатӣ ва акси сардори давлат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пештоқи толорҳо, вазорату идора, корхонаву муассисаҳои давлатӣ, дар биноҳои сафоратхонаву консулгарӣ ва намояндагиҳои Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ва утоқҳои хизматии ашхоси мутасаддию масъул ва роҳбарони сатҳи гуногун шудааст.
Тибқи муқаррароти моддаи 3 – и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ аст», ки ҳар кадоми онҳо дар тарбияи ватандӯстӣ ва ҳисси миллӣ нақши муҳиму сазовор доранд. Парчами давлатӣ дар радифи дигар рамзҳои давлатӣ муқаддасу шариф буда, баробари Нишон, Суруди миллӣ ва Забони давлатӣ барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол боиси ифтихор мебошад. Ба хусус ҳангоми иҷрои Суруди миллӣ, зимни баланд бардоштани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷашну ҳамоишҳои пурнуфузу баландпояи байналмилалию ҷумҳуриявӣ, ҳамчунин мавриди ғалабаи варзишгарон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ хеле ҳам ғурур ва ҳисси миллиро баланд мебардоранд, ҳатто то андозае, ки аз чунин ифтихорот дар чашмҳо ашки шодӣ ҳалқа мезанад.
Раиси суди нохияи Рушон Бахриддинзода Х.Э.
Судяи суди нохияи Рушон Сафарзода Ш.А
Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 



