РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рукнҳои асосии муқаддасоти миллӣ буда, ифодагари рамзи ҳаёти осоишта, меҳнатдӯстӣ, бахту иқболи сафед, умед ба ояндаи нек, сазовори эҳтироми пиру барнои мардуми кишварамон гардидааст. Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар муқаддасоти миллӣ, рамзи давлату давлатдорӣ ва нангу номуси миллӣ мебошад.

Бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24-уми ноябр ҳамчун рӯзи Парчами давлатӣ қабул шудааст. Ҳадаф аз роҳандозии як ҷашнвораи давлатӣ, эҳтиромгузорӣ ва қадршиносии Парчами давлатӣ ҳамчун муқаддасот ва рамзи давлат унвон шудааст. Дар асоси ин пешниҳоди Пешвои миллат ба парлумон ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» иловаҳо ворид гардидааст ва тибқи он ҳар сол Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 24-уми ноябр бо тантана таҷлил мегардад.

Қайд кардан зарур аст, ки санаи 24 ноябри соли 1992 Иҷлосияи ХVI тақдирсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» – ро қабул кард ва бо ҳамин дар таърихи парчамдории тоҷикон саҳифаи нав оғоз гардид. Парчами миллии мо дар радифи Конститутсия, Суруди миллӣ, Нишони давлатӣ аз ҷумлаи рамзҳо ва муқаддасоти асосии давлатӣ маҳсуб меёбад.

Дар ҳама давру замонҳо Парчам чун рамзи давлат, салтанат, ғуруру ифтихор аз даст ба даст мегузашт. Зери Парчам чун нишони муттаҳидӣ, озодӣ ва истиқлол сипаҳсолорон лашкарро ба майдони ҳарбӣ мебурданд ва ғолиб мешуданд. Пеш-пеши лашкар ва барои дар сафи пеши лашкар устувор доштан ва пеш бурдани лашкар сарбози далеру шуҷоъ ва ҷасурро интихоб мекарданд, ки ӯро маъмулан парчамдор, аламбардор ва ё байрақбардор мегуфтанд.

Парчами миллии имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзҳои дигари давлатӣ рамзи истиқлолият ва соҳибихтиёрии давлат, симои воқеӣ ва таърихии он дар намуди ба худ хос инъикос ёфтааст. Дар он тасвири рангҳои сурх, сафед ва сабз, талошу мубориза ва саъю кӯшиши халқи тоҷикро баҳри озодиву истиқлол, худшиносию меҳанпарастӣ ва ихтиёр намудани зиндагии орому осоишта, арзандаю поянда, осудаву устувор ифода мекунад.

Дар байни парчами Тоҷикистон расми тоҷи тиллоии дорои 5 қуллаи нимдавраи ситорадор ҳаст. Тоҷ ва нимдавраи ситорадор ба росткунҷа мувофиқ омадаанд, ки дарозиаш ба дарозии ранги сафеди парчам баробар аст. 

Ба таърихи парчаму парчамдорӣ назар афканем, сарчашмаҳои таърихӣ ишора ба он доранд, ки калимаҳои парчам, алам, дирафш ва байрақ дар замони мо аз қадим маъмул ва машҳур буда, чун рамзи давлатӣ низ ба корбурда шудааст ва дар гузашта, дар баробари давлат лашкаркашону сипоҳиёни номдор низ парчами худро доро буданд. Парчам – таърихи хеле қадим дорад. Дар аксари сарчашмаҳои қадими дар бораи парчам ва «Диравши ковиёнӣ», маълумотҳо зиёд оварда шудааст. Ба андешаи баъзе таърихнигорон аввалин намунаҳои парчам дар хиттаи фарҳангу тамаддуни ориёӣ дониста шудааст ва маълумот ба таври муфассал дарҷ гардидааст.

Масалан дар «Авасто», ки сарчашмаи аввалин ва қадимитарин ба ҳисоб меравад, дар бораи парчам ва тарзи истифодаи он дарҷ гардидааст, ки бо таъсири баъзе ҷиҳатҳои таърихии ин масъала дар асари безаволи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ «Шоҳнома» ва дигар осори таърихиву адабӣ акс ёфтаанд.

Дар аввалҳо асри ХХ дар таърихи халқи тоҷик тағйиротҳои куллӣ ба вуҷуд омадааст, ки яке аз онҳо аввалин Парчами кишвар таҳия шуданаш мебошад.  

Дар Осиёи Миёна аввалин Парчами Туркистон АССР соли 1918 қабул шудааст. Ба муносибати таъсиси ҶХШ Бухоро (2.09.1920) 23 сентябри соли 1920 аввалин Парчами ҶХШ Бухоро қабул карда шуд, 23 феврали соли 1929 Парчами ЧМШС Тоҷикистон, 24 феврали соли 1931 Парчами ҶШС Тоҷикистон кабул карда шуд. Моҳи феврали соли 1947 Президиуми Шӯрои Олии СССР (ИҶШС) қарор қабул намуда, ба ҷумҳуриҳои иттиҳод тавсия дод, ки парчамҳои давлатӣ ба парчами ИҶШС шабоҳатдоштаи худро қабул кунанд. Парчами ҶШС Тоҷикистон солҳои 1936, 1937, 1940, 1953, 20 марти соли 1953 охирин бор таҳрир шуд ва соли 1978 тағйирот дароварда шудааст. Тавр дар боло қайд кардем Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар Иҷлосияи сарнавиштсози ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он рӯзҳо дар баробари ба ҷаҳониён эълом доштани барқарор шудани ҳокимияти конститутсионӣ муқаддасоти давлатдорӣ, рамзи ҳастӣ ва соҳибихтиёрии давлату миллат – Парчами давлати қабул ва тасдиқ карда шудааст.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷойҳои зайл афрохта мешавад.

Дар болои биноҳои қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти Ҳокимияти иҷроияи маҳалҳо (ҳукуматҳо), мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳот (ҷамоатҳо) – доимӣ.

Дар болои биное, ки иҷлосияҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё иҷлосияҳои Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Маҷлисҳои вакилони халқи вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо, гузаронда мешаванд – дар тамоми давраи гузаштани иҷлосияҳо, маҷлисҳои намояндагон (ҷамоат)-дар тамоми давраи маҷлис.

Дар болои биноҳои вазоратҳо, кумитаю идораҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, иттиҳодияю ташкилотҳои ҷамъиятӣ, дар болои биноҳои истиқоматӣ – дар рӯзҳои ид ва рӯзҳои хотиравие, ки қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст.

Дар болои биноҳо ва воситаҳои нақлиёти намояндагиҳои дипломатӣ ва консулӣ, инчунин дар болои иморатҳои муассисаҳои тиҷоратии дар хориҷа будаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар болои воситаҳои нақлиётие, ки дар дохили онҳо ба сифати ашхоси расмӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дигар ашхос нишастаанд, – мувофиқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар биноҳои раъйдиҳӣ – дар рӯзҳои интихобот ва раъйпурсӣ.

Дар толорҳои ҷаласаҳои судии судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар қисмҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон – мутобиқи оинномаҳои ҳарбӣ.

Дар постгоҳҳои марзӣ (заставаҳо) ва нуқтаҳои рухсатдиҳии (гумрукии) Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Мувофиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин ҳангоми гузаронидани маросимҳо ва дигар чорабиниҳои тантанавӣ, ки мақомоти давлатӣ мегузаронанд, афрохтан мумкин аст.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толорҳои маҷлисҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлисҳои маҳаллии намояндагони халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳалҳо (ҳукуматҳо), ҳамчунин дар хонаҳои (кабинетҳои) кории Президенти Ҷумҳурии Точикистон, Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва хонаҳое, ки вакилони халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон интихобкунандагонро доимо қабул мекунанд, ҷойгир карда мешавад.

Ҳангоми мотам бо Қарори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шакли мотамӣ афрохта шуда метавонад. Дар ин маврид ба чӯбдасти (меҳвари фулузӣ) парчам матои тасмашакли сиёҳ баста мешавад, ки нӯгҳои он бояд то қисми поёни парчам овезон бошад.

Дар сурати бо чӯбдаста афрохтани парчам ҳангоми мотам парчам ба андозаи 1/3-и дарозии чубдаста хам карда мешавад.

Тасвири Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар киштиҳои ҳавоие, ки дар қайди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, ҷойгир мешавад.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад доимо дар ҷойҳои истироҳати шаҳрвандон, боғҳо, хиёбонҳо, гулгаштҳо, дар болои биноҳои истиқоматӣ ва дигар ҷойҳо, инчунин тасвири он ба мақсади ороишӣ ба сифати рамзи давлатӣ ва миллӣ тавре истифода гардад, ки дар ин маврид нисбат ба Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳурматӣ содир нашавад.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тасвири он қатъи назар аз андозаҳои онҳо доимо бояд дақиқ ба асли ранг ва асли тасвири нақшагии он, ки ба ҳамин Низомнома замима мегардад, мутобиқат дошта бошад.

Ашхосе, ки ба таҳқири Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкоранд мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошанд.

тайёр кардани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.

Хулоса, Парчам дар ҳар давру замон рамзи нангу номуси ватандорӣ, хештаншиносӣ ва яке аз арзишҳои муқаддаси миллӣ,  ба ҳисоб рафта, эҳтирому арҷгузорӣ намудан ба он қарзи шаҳрвандии ҳар як фарзанди ватандӯсту ватанпарвар мебошад.

Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак ҳамватанони азиз!

Раиси суди ноҳияи Мурғоби ВМКБ

Акбарали Каримӣ