ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗ

ИҶЛОСИЯИ   ТАҚДИРСОЗ

Соли 1992 яке аз солҳои ниҳоят душвор дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол буд. Дар он рӯзҳо кишвар ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ, нооромӣ ва буҳрони сиёсию иқтисодӣ гирифтор гардида, Ватани мо дар остонаи парокандагӣ қарор дошт. Дар чунин вазъи ҳасос, аз санаи 16-уми ноябр то 2-юми декабри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки онро халқи тоҷик баъдан “Иҷлосияи тақдирсоз” номид.

Иҷлосияи 16-ум дар ҳақиқат ба сарнавишти давлат ва миллати тоҷик тағйироти бузург ворид намуд.  Дар он намояндагони тамоми минтақаҳои кишвар ширкат намуда, роҳҳои бартараф кардани бӯҳрони сиёсӣ ва барқарор намудани сулҳу суботро дар кишвари азизамон баррасӣ намуданд. Маҳз дар ҳамин иҷлосия Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид, ки ин рӯйдод оғози марҳилаи нави давлатдории миллӣ ва ваҳдати мардуми тоҷик гардид.

Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун чорабинии муҳими сиёсӣ қонунигузорӣ нақши калидӣ дар таҳкими низоми конститутсионӣ ва барқарорсозии институтҳои давлатӣ дорад. Ин иҷлосия бо иштироки вакилони ҳар ду палат – Маҷлиси Намояндагон ва Шӯрои Миллӣ баргузор шуда, масалаҳои стратегӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиро дар бар мегирифт.

Аз нуқтаи назарияи ҳуқуқӣ, Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими асосҳои қонунгузории миллӣ ва таъмини иҷрои Конститутсия аҳамияти бевосита дорад. Дар доираи иҷлосия тағйиру иловаҳо ба қонунҳои асосӣ ва қонунгузории махсус, аз ҷумла қонунҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, пешниҳод ва қабул гардиданд. Ин тағйиру иловаҳо на танҳо ба раванди адолати судӣ, балки ба ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон ва рушди институтҳои ҳуқуқӣ таъсири мусбӣ расонида истодаанд.

Ҳамин тавр, иҷлосия ҳамчун платформаи муҳими ҳамоҳангсозии сиёсати қонунгузор ва фаъолияти судӣ хизмат мекунад. Баррасии масъалаҳои ҳуқуқии шаҳрвандон ва мақомоти давлатӣ дар ин иҷлосия нишон медиҳад, ки Маҷлиси Олӣ қонуни асосиро самаранок татбиқ мекунад ва нақши қонунгузорро таъмини адолати судӣ тақвият медиҳад.

Иҷлосия инчунин майдони муҳими таҳкими ҳамгироии сиёсӣ ва ҳуқуқӣ байни мақомоти давлатӣ буда, вакилони Шӯрои Олӣ масъалаҳои ҳамкори бо мақомоти иҷроия, судӣ ва дигар институтҳои давлатӣ, ҳамчунин сиёсати дохилӣ ва хориҷиро баррасӣ кардаанд. Ин иқдомҳо нишон медиҳанд, ки иҷрои сиёсати давлатӣ ва таҳкими низоми ҳуқуқӣ ҳамоҳанг ва стратегист ва кишварро ба саҳнаи байналмилалӣ ба мавқеи устувор мебарад.

Барои ҳокимияти судӣ, муҳокимаи масоили сиёсӣ ва ҳуқуқии иҷлосия аҳамияти махсус дорад, зеро он нишон медиҳад, ки кадом тағйиру иловаҳо ба қонунҳо ба амалисозии адолати судӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва устувории институти судӣ таъсир мерасонад.

Дар раванди иҷлосия масалаҳои иҷтимоӣ ва ҳуқуқии шаҳрвандон низ баррасӣ шудаанд. Таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, ҳамчунин таҳкими равобити байни ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мақомоти давлатӣ ба баррасӣ гирифта шуда, ин нишон медиҳад, ки Маҷлиси Олӣ дар таҳкими ҷомеаи демократӣ ва баланд бардоштани сатҳи масъулияти давлатӣ нақши ҳалкунанда дорад. Қабули қонунҳо ва қарорҳои стратегӣ барои ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон намунаи равшани масъулияти қонунгузор ва ҳамоҳангии сиёсати давлатӣ бо талаботи ҳуқуқӣ мебошад.

Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи равшани ҳамоҳангсозии фаъолияти қонунгузор ва мақомоти судӣ мебошад. Қабули қарорҳо ва қонунҳои муҳими давлатӣ дар доираи иҷлосия нишон медиҳад, ки низоми ҳуқуқӣ ва давлатдории миллӣ метавонад дар рушди демократия, таъмини адолати судӣ ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон нақши муосир дошта бошад.

Даъвати иҷлосияи Шӯрои Олӣ худ иқдоми хеле оқилна ва хирадмандона буд, ки аз фарҳанги олӣ ва хиради азалии мардуми тоҷик сарчашма мегирифт, ҳадафи он ба эътидол овардани вазъи сиёсии мамлакат буд. Дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ бисёр масъалаҳои ҳаётан  муҳим мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Яке аз масъалаҳои асосии иҷлосия ба эътидол овардани вазъи сиёсии ҷумҳурӣ буд, ки он бояд аз интхоби роҳбарият ва ҳукумати нави ҷумҳурӣ оғоз меёфт.

Қарорҳои қабулшуда дар ин иҷлосия асоси сулҳу оромӣ, барқарорсозии сохторҳои давлатӣ ва пешрафти минбаъдаи ҷумҳуриро гузоштанд. Бо иродаи қавии мардум ва роҳбарияти нав, Ҷумҳурии Тоҷикистон тадриҷан аз гирдоби ҷанг берун омад ва роҳи давлатдории мустақилро пеш гирифт.

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 14-уми майи соли 2016 таҳти №1320 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” тағйиру иловаҳо ворид намуда, санаи 16-уми ноябрро ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон намуданд.

Аз ин рӯ, санаи 16-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Президент ва рамзи эҳтиром ба Сарвари давлат, ифтихори миллии тоҷикон ҷашн гирифта мешавад.

Муовини якуми Раиси суди ВМКБ 

 Бобизода Зафар Бобоназар