ПАЙРАВӢ АЗ КОНСТИТУТСИЯ ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Пайравӣ аз Конститутсия вазифаи ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии тоҷикистон мебошад

6 -уми ноябри соли 1994 аввалин маротиба дар таърихи давлатдории навини тоҷикон Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати қонуни олии кишвар бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тариқи раъйпурсии умумихалкӣ қабул карда шудааст.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 боб ва 100 модда иборат буда, чун ифодагари Ормонҳои хазорсолаи мардуми тоҷик, самти инкишофи бебозгашти давлатдории миллати тоҷикро ба суйи демократия ва бунёди давлати соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд, дунявӣ равона намудааст. Илова бар ин, Конститутсия ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон, аз чумла озодии сухан, озодии виҷдон ва амсоли инҳо чун қонуни асосӣ кафолат додааст. Ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон се маротиба тағйиру иловаҳо ворид гардидааст: 26-сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016.

Дар тӯли З1- соли фаъолияти Конститутсия имкон фароҳам омад, ки низоми мукаммали ҳуқуқию сиёсӣ ташкил ва бахшҳои иқтисодию иҷтимоии ҷомеа ба таври устувор рушд ёфта, сиёсати пешрафтаи давлату ҳукумати кишвар дар арсаи ҷахонӣ муаррифӣ гардад. Конститутсия дар рушди давлатдории миллии тоҷикон нақши муассир дорад. Бинобар ин, эҳтироми Конститутсия ва арҷ гузоштан ба он бояд ба одати ҳар як шаҳрванд табдил ёбад, зеро Конститутсия таҷассумгари моҳияти сиёсй, ҳуқуқӣ ва маънавии давлат аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз паёмҳои хеш ба Мачлиси Олӣ иброз доштанд, ки «Конститутсия ин санади мукаддас ва тақдирсоз, мисли чароғест, ки роҳи рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва мардуми онро барои садсолаҳо мунаввар мекунад.

Мову Шумо бояд кушиш намоем, ки онро чун муқаддасоти миллӣ ва дастури зиндагии наслҳои имрузаю фардои мардуми тамаддунсози тоҷик эҳтиром намоем ва ҳамеша аз рӯи муқаррароти он амал намоем”.

Гуфтан ба маврид аст, ки дар Конститутсия пойдорию таҳкими Ваҳдати миллӣ нагаравидани ҷавонон ба ҳар гуна ҳаракату ташкилотҳои тамоюли тундгароӣ дарҷ гардидааст, ки пайрави аз Конститутсия вазифаи ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд, ки » Конститутсия нишонаи нахустин ва муҳимтарини соҳибистиқлоли давлат буда, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва давлатҳои дигар эътироф гардидани соҳибихтиёрии он аз хамин ҳуҷҷати таҷдирсоз сарчашма мегирад.

Судяи Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Раҳмонзода Шариф Файз