МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ «ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

Санаи 3 юми октябри соли 2025 аз ҷониби раиси суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар бинои суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон маҷлиси тантанавӣ бахшида ба “рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ” баргузор гардида, роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баромад карданд.

Табрикоти раиси суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Муҳтарам ҳамватанон, судяҳо ва кормандони ҳокимияти судӣ!

Бо камоли ифтихор Шуморо ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик мегӯям. Забони давлатӣ яке аз рукнҳои муҳими давлатдорӣ ва пояи асосии ҳувияти миллӣ буда, барои таҳкими ваҳдати ҷомеа ва рушди давлатдории миллӣ нақши арзанда дорад.

Дар даврони соҳибистиқлолии киишвар дар мавриди устувор гардидани мақому ҷойгоҳи забон дар ҷомеаи имрӯза ва баланд бардоштани нуфузи байналмилаии он корҳои бузургу созанда иҷро шудаанд. Ин ҳама бо ташаббуси роҳбари давлат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардидаанд.

Китоби «Забони миллат – ҳастии миллат» маҷмӯаи муҳими сиёсиву фарҳангӣ мебошад, ки онро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таълиф намудаанд. Ин китоб на танҳо як асари назариявӣ, балки барномаи амал барои таҳкими мақоми забони давлатӣ ва эҳёи арзишҳои миллӣ мебошад.

Забони тоҷикӣ ҳамчун мероси беназири ниёгон моро ба ҳам меоварад, гузаштаву имрӯзи миллати моро пайваст намуда, роҳи ояндаро равшан месозад. Имрӯз забони давлатӣ дар низоми қонунгузорӣ, фаъолияти мақомоти давлатӣ ва махсусан дар низоми судӣ мавқеи шоиста пайдо кардааст.

Мо – кормандони ҳокимияти судӣ, уҳдадорем, ки ба истифодаи дурусту риояи меъёрҳои забони давлатӣ арҷ гузорем ва онро ҳамчун омили эҳтиром ба қонун ва адолат истифода намоем.

Бигзор забони тоҷикӣ – ин рамзи ҳастиву ваҳдати миллати мо ҳамеша ҷовидон ва пурифтихор бимонад!

Раиси Суди ВМКБ

 Умарзода Ф.Т