СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ БАРОИ ШАХСОНИ МАСЪУЛИ КОР БО СОМОНА ВА ПОЧТАИ ЭЛЕКТРОНИИ СУДҲО

Имрӯз аз ҷониби роҳбарияти суди Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон бо ҳамроҳии суди ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар бинои Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев бо мақсади ба дараҷаи олӣ иҷро намудани супоришҳои роҳбарияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешбурди сомона ва почтаҳои электронӣ, семинари омӯзишӣ дар мавзӯи “Таҳкими рақамикунонии фаъолияти судҳо тавассути пешбурди сомонаҳои суд ва татбиқи низоми ягонаи байниидоравии гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ, муросилоти мактубҳо ва дигар ҳуҷҷатҳо байни судҳои ҷумҳурӣ” гузаронида шуд.

Дар семинар судяи суди ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ Давлатқадамзод Саидқоим Саидқадам ва мудири шуъбаи таъмину ташкили кори судҳои суди ВМКБ Тойчиева Перизат Шакировна маъруза намуда, оиди истифодаи ҳамаҷонибаи сомонаҳои расмии судҳо,  муросилоти  ҳуҷҷатҳо ба воситаи почтаи электронӣ байни мақомотҳои давлатӣ ва ҳокимияти судӣ маълумоти муфассал доданд.

Мақсад аз гузаронидани чунин семинарҳо вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар ҳокимияти судӣ мебошад.

https://www.facebook.com/share/p/16G1HAey4j/