Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак. Копировать

Имрӯз санаи 21-уми апрели соли 2025 аз ҷониби судяи Суди ВМКБ Абдуғафорӣ Анварҷон бо иштироки ёрдамчии раиси Суди ВМКБ Хубоншоевна Адолат Ҷобировна дар мактаби миёнаи умумии №2-и шаҳри Хоруғ ба номи Давлаталӣ Шабдолов байни хонандагон ва омӯзгорони мактаби болозикр суҳбату вохӯрӣ гузаронида шуда, талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ҳаматарафа таҳлил карда шуд.
Нақши падару модар дар тарбия, таълим ва ташаккули фарзанд, ки ояндаи ҷомеаро муайн менамояд, бо далелҳои муътамад ба исбот расидаанд. Мардуми соҳибтамаддуни мо ба таълиму тарбияи фарзанд аҳамияти махсус зоҳир карда, барои дар руҳияи ватандӯстиву маърифатпарварӣ , ҷавонмардиву ахлоқи ҳамида ва нангу номус ба воя расонидани фарзандони худ пайваста талош меварзанданд.
https://www.facebook.com/share/p/1FVsdZkjXu/