баррасии парвандаи ҷиноятӣ дар марҳилаи якум

Санаи 20-уми феврали соли 2025 парвандаи ҷиноятӣ таҳти раисикунанда судяи Суди ВМКБ нурализода С.М. нисбати Саидов А.А. дар содир кардани ҷиноят бо моддаи 307 илова 3 қисми 2  (Ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ): иштирок дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, дини ё дигар ташкилоте, ки нисбати он аз ҷониби суд қарори эътибори қонунӣ пайдокарда дар бораи барҳам додан ё манъи фаъолияташ бинобар сабаби ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ қабул шудааст, инчунин мусоидат кардан ба фаъолияти онҳо бо истифода аз воситаҳои ахбори омма, шабакаи интернет ва ё ба тарзи дигар, ) КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дод.

Судшаванда бо моддаи дар боло зикргардида, гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ бо ҳамин модда ҷазо дар намуди маҳрум сохӣан озодӣ ба муҳлати муайян таъин карда шуд.