КОНСТИТУТСИЯ – ҚОНУНИ АСОСИИ ДАВЛАТ, БАХТНОМАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК
КОНСТИТУТСИЯ – ҚОНУНИ АСОСИИ ДАВЛАТ,
БАХТНОМАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК
6 ноябри соли 2024 аз қабул гардидани Конститутсияи замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол пур мешавад Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, асосҳои сохти конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ташкили фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ, шакли идоракунии давлати Тоҷикистонро муайян мекунад. Тибқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон» Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» дар низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷойи аввал меистад, ва эътибори олии ҳуқуқӣ дорад. Ин талабот дар моддаи 10-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидааст, ки Конститутсияи Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки хилофи Конститутсияанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро арзиши олӣ эътироф ва муқаррар намудааст. Саҳми Конститутсия дар таҳкими сохтори давлатдорӣ таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд хеле назаррас аст. Маҳз тавассути ҳамин Конститутсия зиндагии шоиста ба мардум таъмин буда барои пешрафти тамоми самтҳои ҳаёти мардуми кишвар муҳимтарин санади меъёрии ҳуқуқӣ ба ҳисоб меравад. Шаҳрванде , ки аз ҳуқуқҳои худ огаҳ аст, аз равандҳои рушд ва таҳаввул дар ҷомеа канор намонда , баръакс барои фатҳи зинаи навбатӣ бо такя ба соҳибҳуқуқӣ ва фаъолмандии худ такон мебахшад. Бинобар он, бо мақсади хуб донистани ҳуқуқҳои худ таъмини волоияти қонун шароити арзанда ва инкишофи озодона ва эҳтиром ба санадҳои меёрии ҳуқуқии ҳаёти моро ба танзимоваранда соли 2024 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардид. Ин иқдоми Сарвари давлат , аз ҷониби мардум бо самимият истиқбол шуд, моро ба дурнамои неки таҳкими низоми демократӣ, ҷомеаи адолатпарвар, ҳуқуқмеҳвар ва қонунсолор хушбин менамояд. Ҳамон тавре, ки Пешвои муаззами миллат таъкид мекунанд: «Рушди давлати демократӣ ҳуқуқбунёд ва дунявб ба сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии аҳолӣ вобастагии зиёд дорад»
Президенти мамлакат дар пайёми навбатии худ дастур доданд, ки тамоми сохтору мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд ҳамаи захираву имкониятҳоро ҷиҳати иҷрои рисолати касбӣ ва вазифаҳои хизматӣ барои соли 2024, ки 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад доир ба таъмини волояити конун, риоя, эҳтиром ва ҳифз намудани ҳуқуқ манфитаҳои қонунии инсон ва шаҳрванд тартибу интизом ва ба ин васила баамалбарории адолати судӣ сафарбар намоянд.
Зеро Конститутсия Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳайёти мардуми кишварро фароҳам овардааст яке аз дастовардҳои муҳимтарини халқи тоҷик ба ҳисоб меравад.
Амалӣ намудани меёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем , сулҳу оромӣ суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори кишварамонро таъмин намоем. Барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон бармеояд, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 668 аз 30.12. 2023 сол қабул гардид, ки мувофищи он соли 2024- соли маърифати ҳуқуқӣ эълон карда шуд.
Фармони мазкур саривақти ва ба манфиати миллату давлат буда идомаи мантиқии тадбирҳои андешидаи роҳбарияти олии мамлакат бобати баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон буда дар тартиби арзишҳои демократӣ мустаҳкам намудани иститути ҳуқуқӣ инсон муносибати эҳтиромона ба он такмил додани санадҳои меъёри ҳуқуқи қабул гардидани қонунҳои ҳамқадами ислоҳоти сиёсӣ иқтисодӣ иҷтимоӣ ва фарҳангӣ тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ ва ногузар будани масъулияти ҳуқуқӣ мебошад. Маърифати ҳуқуқи аз чунин унсурҳо иборат мебошад. маданияти ҳуқуқӣ, ҷаҳонбинии ҳуқуқӣ, рафтори ҳуқуқӣ гуфтори ҳуқуқӣ ва пиндори ҳуқуқӣ. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шахс бобати ба даст омадани дастовардҳо ба манфиати давлат миллат ва ҷомеа мегардад. Риоя ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳимояи манфиати давлат корманд муассиса ва ташкилот, таъмини волоияти қонун, пешгирии содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳо, коҳиш ёфтани сатҳи ҷинояткорӣ аз ҷумла терроризм, экстремизм ҳуқуқвайронкуниҳои хусусияти коррупсионидошта, гардиши ғайриқонунии маводи нашъовар ва дигар зуҳуроти номатлуб, беҳтар гардидани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои халқ амалишавии ҳадафҳои стратегии мамлакат ва Ҳукумат, беҳтар намудани шароити иҷтимоии аҳолӣ, таъмини адолати судӣ, боло рафтани сатҳи эътимоднокии мардум сохторҳои давлатӣ ва шахсони мансабдор.
Қонунгузорӣ бояд такмил дода шавад ва ҳамқадами ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бошад.
Шахсан ман ҳамчун ҳуқуқшинос ифтихор мекунам, ки Роҳбари давлат дар рушди назарияи ҳуқуқӣ бисёр фикру андешаҳои хуб доранд. Дар Паёми навбати Пешвои миллат таъкид карданд, ки дар раванди бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар масъалаи ташакули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши калидӣ дорад. Масъалаи дигари муҳим дар низомӣ ҳуқуқии кишвар таъмини волоияти қонун мебошад, ки меҳвари фаъолият мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб меравад. Таъмин намудани дастрасӣ ба адолати судӣ ва итилоот оид ба фаъолияти судҳо, муҳокимаи ошкоро ва одилонаи судӣ, таҳкими қонуният ва пешгирӣ кардани ҷиноятҳо, эҳтиром ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон мусоидат мекунанд.
Фаромӯш набояд кард, ки мо Истиқлолияти давлатиро бо кашмакашиҳое, ки ба сари мо дар асоси нақшаҳои ғаразноки таҳррезигардидаи душманони миллат ба бор оварда шуд қабул намудем. Бар асари ин рузҳои сангину нангин сохти конститутсионӣ дар кишвари мо пурра аз байн рафта буд, вале бо шарофати баргузор гардидани Иҷлосияи 16-уми тақдирсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбари давлат интихоб гардидани фарзанди фарзонаву номбардори миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хатари аз байн рафтани давлати тоҷикон дубора аз байн бурда шуд.
Баргузории Иҷлосияи 16-уми тақдирсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъаи аввалини сарнавиштсози миллат бошад, санаи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол санаи дигари муқаддаси таърихӣ мебошад, ки он барои пойдор намудани давлатдории навини тоҷикон заминаи шикастнопазир гузошт.
Сарвари давлат мӯҳтарам Эмомали Раҳмон дар рӯзҳои мудҳиши нооромиҳо тавонистанд халқро муттаҳид сохта, даъват ба амал оваранд, ки қонунии асосии кишвар ҳар чи тезтар қабул карда шавад.
Ниҳоят 6-уми ноябри соли 1994 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ ин санади муҳими таърихӣ Конститутсия Ҷумҳурии тозаистиқлоли Тоҷикистон қабул карда шуда, мамлакати моро ба ҷаҳониён муаррифи намуд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10-боб ва 100-модда иборат буда, тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти давлатию ҷамъиятиро фарогир аст.
Маврид ба зикр аст, ки дар натиҷаи риоя ва татбиқи самараноки меъёрҳои Конститутсия давоми 30-сол Ҷмҳурии соҳибистиқлоли мо ба дастовардҳои наҷиби сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангӣ, ҳуқуқӣ ва байналмиллалӣ ноил гардид. Аз ҷумла Конститутсия ҳамчун заминаи боэътимоди қонунӣ рушди бомароми иқтисодии мамлакатро таъмин намуд.
Дар Конститутсияи даврони истиқлолият, ки асосгузори он Сарвари давлат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, бори нахуст мувофиқи моддаи 9 эълон намудани муқаррарот дар бораи он ба ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ ҳамчун шохаи алоҳида ва мустақил замина гузошт.
Дар ҳамин раванд боби ҳаштуми Конститутсия ба мақомоти судӣ ҳамчун шохаи алоҳидаи ҳокимияти давлатӣ бахшида шудааст, ки дар он тамоми заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти ҳокимияти судӣ ва мақоми он дар бунёди давлати демократию ҳуқуқбунёд дарҷ ёфтаанд.
Мутобиқи моддаи 84 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд.
Адолати судиро Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе амалӣ мекунанд.
Бо тағйиру иловаҳое, ки 22 июни соли 2003 ба Конститутсия ворид гардид, ваколати судяҳо ба мӯҳлати 10 сол дароз ва бо ин роҳ барои наздик шудан ба меъёрҳои байналмиллалӣ шароит фароҳам овард. Дар як вақт синни ниҳоии номзадҳои ба вазифаи судягӣ пешниҳодшаванда 65 сол муқаррар гардид.
Қабули тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2003 зарурияти қабули барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқиро ба миён овард. Дар ин раванд бо мақсади такмил додани асосҳои ҳуқуқии ҳокимияти судӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июни соли 2007 «Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ гардид, ки он дар таҳкиму таҳвияти ҳокимияти судӣ бисёр нақши муҳим дошта марҳила ба марҳила амалӣ гардид. Аз ҷумла ба як қатор санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии танзимкунандаи мақомот тағйиру иловаҳо ворид гардида, Кодексҳои мурофиавии ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мурофиаи суди иқтисодӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои ҳакамӣ» қабул гардидаанд.
Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013 идомабахши ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар заминаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрели соли 2010 таҳи0я гардида, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2011 таҳти № 976 тасдиқ карда шудааст, ки мақсади он таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ, соддагардонии ҷараёни мурофиаи судӣ, баланд бардоштани нақши суд дар ҳифзу ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, ҳимояи манфиати давлат, ташкилотҳо, таъмини қонунияту адолат ва дар заминаи он такмили сохтор ва фаъолияти мақомоти судии кишвар мебошад.
Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин қайд карданд: “Имрӯз барои ҷомеа ҳифзи судии пурқувват ва боэътимод беш аз пеш зарур мебошад. Ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро танҳо суде таъмин карда метавонад, ки нерӯманд ва дахлнопазир бошад”. Маҳз бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якчанд “Барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ” тасдиқ гардид, ки аз ҷумла “Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017 маҳсуб меёбад, ки ин идомаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар асоси Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 апрели соли 2014 таҳия гардидааст. Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ яке аз дастовардҳои муҳими даврони истиқлолият ҷиҳати таҳкими қонуният ва пешрафти ҳокимияти судӣ ба ҳисоб рафта, дар давраҳои пештар аз ҷумла (Иттиҳоди Шуравӣ) чунин барномаҳо ба чашм намерасиданд.
Барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017 бо мақсади идома додани ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар кишвар, таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ, таъмини мустақилият, такмили сохтор ва фаъолияти он, рушди қонунгузории соҳа қабул карда шудаанд. Вобаста ба қабули барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон судҳо фаъолияти худро дар асоси талаботҳои қонунҳои мурофиавӣ ва замон, ҳамчунин дар ҷараёни густариши муносибатҳои ҷамъиятӣ ба роҳ монда, дар даврони истиқлолият ҷиҳати пешбурд ва қабули муросилот, баррасии босифати парвандаҳо, ҳифзу ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, таъмини иҷрои қарорҳои судӣ, қабули таъинотҳои хусусӣ дар мавриди ошкор кардани сабаб ва шароитҳои содиршавии ҷиноят, дар ин замина пешгирӣ намудани содиршавии ҷиноятҳои нав ва ташкилу баргузор намудани вохӯриву сӯҳбатҳо дар байни аҳолӣ корҳои назаррасро ба анҷом расонидаанд, ки дар ин бора маълумотҳои воқеии оморӣ шаҳодат медиҳанд. Ҳамин тавр, ба он маънӣ, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, судҳо дар фаъолияти худ мустақил буда, танҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонун итоат мекунанд.
Дар остонаи таҷлили ин Иди муқаддас бо истифода аз фурсати муносиб 30 — юмин солгарди рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба мардуми шарифи кишвари соҳибистиқлол самимона табрик гуфта, ба онҳо тандурустиву зиндагии осуда ва ба кишвари азизамон сулҳу суботи абадӣ, ваҳдати ҷовидонаи миллӣ ва пешрафту тараққиёти рӯзафзун орзӯ менамоям.
Судяи суди ноҳияи Ишкошим
Искандархонзода Б.А.