баррасии парвандаи ҷиноятӣ
Санаи 22-уми майи соли 2024 дар толори маҷлисгоҳи Суди ВМКБ, парвандаи ҷиноятӣ нисбати Алимамадов Ш.О бо моддаи 307 илова 3 қисми 2-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон (ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ)) таҳти раисикунанда судяи суди ВМКБ Нурализода С.М баррасӣ гардид. Ба судшаванда ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ таъин карда шуд.

Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 