Баргузории нишасти матбуотӣ

Санаи 10 феврали соли 2020 дар бинои суди ВМКБ нишасти матбуотии мақомоти судӣ ва баъзе аз сохторҳои дахлдори вилоят бо намояндагони воситаҳои ахбори омма баргузор гардид.

Дар рафти он раиси суди ВМКБ Усмонзода Ш. доир ба фаъолияти соли 2019 судҳои шаҳру ноҳияҳо ва суди ВМКБ баромад намуда, бо таҳлили амиқи фаъолияти судҳо натиҷаҳои ба даси овардаи мақомот ва камбудиҳои ҷойдоштаро қайд кард. Зимни баромад иброз дошт, ки судҳо дар партави Паёми Асосгузори сулҳу ваҳати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастуру супоришҳои сарвари давлат ва роҳбарияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро ба роҳ монда, бобати ба амал баровардани адолати судӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, таҳкими волоияти қонун, баррасии саривақтии парвандаҳои судӣ, таъмини иҷрои қарорҳои судӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба фаъолияти суд натиҷаҳои назаррас ба дастоварданд. Инчунин дар рафти нишасти матбуоти саволҳое, ки аз ҷониби намояндагони воситаҳои ахбори омма ба раиси суди ВМКБ Усмонзода Ш. пешниҳод гардид, ҷавобҳои мушаххас дода шуд.