НИШАСТИ МАТБУОТИИ СУДИ НОҲИЯИ ШУҒНОН

9 октябри соли 2019 дар суди ноҳияи Шуғнони ВМКБ вобаста ба натиҷаи фаъолияти суди ноҳия дар давраи нуҳ моҳи соли 2019 нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Дар нишасти матбуотӣ судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди ноҳияи Шуғнон иштирок намуданд.

Дар оғози нишасти матбуотӣ аз ҷониби раиси суди ноҳияи Шуғнон Шарифзода Х. доир ба натиҷаи фаъолияти суд дар нуҳ моҳи соли 2019 бо таври мухтасар ба намояндагони воситаи ахбори омма ахборот пешниҳод карда шуд.

Аз ҷумла қайд гардид, ки дар давоми нуҳ моҳи соли 2019 аз ҷониби суди ноҳияи Шуғнон дар маҷмӯъ 378 адад парвандаҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Аз шумораи парвандаҳои баррасигардида 20 ададро парвандаҳои ҷиноятӣ, 9 ададро парвандаҳои гражданӣ, 31 ададро парвандаҳои оилавӣ, 279 ададро парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, 31 ададро дархостҳои мақомотҳои тафтишотӣ ва 8 ададро пешниҳодҳои иҷрочиёни Хадамоти иҷро ташкил медиҳанд.

Вобаста ба риоя накардани Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар давраи ҳисоботӣ 2 адад парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ гардида, дар натиҷаи баррасии парвандаҳо ба 2 нафар ба маблағи 11000 сомонӣ ҷарима татбиқ гардид.

Шумораи парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷиҳати риоя накардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ки аз ҷониби судяҳо баррасӣ гардидаанд, ба 98 адад расида, бо 93 парванда нисбати 93 нафар қарор қабул карда шуда, дар маҷмӯъ нисбати 15 нафар ҷазои огоҳӣ ва нисбати 78 ҷазои ҷаримаи маъмурӣ ба маблағи умумии 20025 сомонй таъин карда шудааст.

Баҳри дар амал татбиқ намудани «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019», ки ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон равона шудааст, 35 парвандаҳо дар мурофиаҳои сайёри судӣ баррасӣ гардида, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди ноҳияи Шуғнон дар мавзӯъҳои ҳуқуқӣ дар телевизиону радио 5 баромадҳо карда, дар рӯзномаю маҷаллаҳо 2 мақола ба нашр расонида, 37 маротиба дар ташкилоту идораҳо ва муассисаҳои таҳсилоти миёна вохӯрию мулоқотҳо баргузор намуданд.

Бо мақсади ҷалб намудани диққати мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шахсони мансабдор ба ҳолатҳои вайронкунии қонун ва сабабу шароитҳое, ки ба содир шудани қонунвайронкунӣ мусоидат кардаанд, судяҳо 29 таъинотҳои хусусӣ бароварда, барои чораҷӯӣ ба мақомотҳои дахлдор ирсол намудаанд.

Суди ноҳияи Шуғнон