ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА НАҚШИ ОН ДАР ТАҲКИМИ ҲОКИМИЯТИ СУДӢ

«Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмиллалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба шумор меравад».

                                                                                                                                        Эмомалӣ Раҳмон

Истиқлолият муқаддастарин ва бузургтарин дастовард барои халқи шарафманди Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Маҳз истиқлолият имконият фароҳам овард, ки мардуми Тоҷикистон тақдири худро ба даст гирифта, роҳи пешрафти минбаъда ва сарнавишти ояндаи хешро мустақилона интихоб намоянд. Ба ин маънӣ, истиқлолият неъмати бебаҳо, мояи ифтихор, манбаи худшиносӣ, сарчашмаи нерӯбахш ва тавонои ҳар як фарди ватандӯсту ватанпарвари кишвари азизамон ба ҳисоб меравад. Ба ҳамагон маълум аст, ки солҳои аввали соҳибистиқлолӣ Тоҷикистони азизи моро фитнаву дасисаи душманони миллат ва хоҷагони хориҷии онҳо ба зарбаи даҳшатноку ҳалокатборе гирифтор кард. Дар он айёми фоҷиабор аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест шудани давлати ҷавони тоҷикон ва пароканда гардидани миллати тоҷик ба як воқеияти талхи рӯз табдил ёфта буд, вале хушбахтона, бо саъю кӯшиш, ҷасорату далерӣ, ҳисси баланди ватандӯстии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеши роҳи ҷанги бародаркуш гирифта, дар кишвари маҳбубамон сулҳу субот ва оромии мардум барқарор гардид. Мо ҷавонони ояндасози миллат аз чунин мардонагӣ ва ҷоннисоркунии Пешвои миллат баҳри ба даст овардани истиқлолият ва пойдории оромии мардуми тоҷик ибрат гирифта, барои мустаҳкам нигоҳ доштани сулҳу субот ва осудагии халқи азизамон саҳми арзандаи худро мегузорем. Имрӯз ҷавонони бо нангу номуси Тоҷикистони азиз ифтихор аз он доранд, ки чунин сарвари бомаърифату ватандӯст, одилу меҳрубон доранд ва пайрави сиёсати пешгирифтаи хирадмандонаи Пешвои миллат ҳастанд.

Бо ифтихору шукргузорӣ аз соҳибдавлатии миллати куҳанбунёд ва соҳибистиқлоли кишвари азизамон, ки ба шарофати он мо имрӯз дар остонаи таҷлили иди бузург – 28 умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ, ки дастоварди муқаддастарин ва арзишмандтарини халқи Тоҷикистон мебошад, қарор дорем. Ин рӯз барои халқу миллати тоҷик санаи таърихӣ буда, озодии миллати мо маҳз аз ҳамин сана сарчашма мегирад. Давлати ҷавони мо дар ин давра ба дастовардҳои назаррас ноил шуда, имрӯз мардуми сарбаланди Тоҷикистон дар фазои сулҳу субот умр ба сар мебаранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани истиқлолият аввалин шуда бо роҳи райпурсии умумихалқӣ Қонуни асосии кишвар, яъне Конститутсияи худро таҳия ва қабул намуд, ки ин минбаъд шакли идоракунии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрвандро мушаххас муайян намуд.

Давоми бисту ҳашт соли соҳибистиқлолӣ бо вуҷуди бисёр мушкилоту монеаҳо ба корҳои азими бунёдкориву созандагӣ шурӯъ намудем, ки ин боиси аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо намудани мамлакат ва ҳифзи амнияти озуқавории кишвар гардид. Таъмин      намудани рушди босуботи иқтисодӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар аз оғози истиқлолият то ба имрӯз ҳадафи асосии Пешвои миллат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ мебошад. Бояд тазаккур дод, ки кӯшишу талошҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин солҳо бори дигар аз сиёсати дурандешона ва хирадмандонаи ин абармарди бузург шаҳодат дода, ҳамаи моро водор месозад, ки аз ҳарвақта дида боз ҳам хубтару беҳтар фаъолият намуда, ҷашни дар пешистодаро бо дастовардҳои назаррас истиқбол гирем.

Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони истиқлолият эъмори давлатдории муосири миллӣ мебошад, ки ин бевосита дар моддаи 1 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидааст, яъне Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона буда, шакли идораи он президентӣ мебошад.

Бо шарофати истиқлолият имрӯз Тоҷикистон соҳиби ҳокимияти судии мустақил ҳамчун рукни алоҳидаи ҳокимияти давлатӣ ноил гардид.

Масъалаи таҳкими ҳамаҷонибаи қонуният ва таъмин намудани адолати иҷтимоӣ, нигоҳ доштани оромии ҷомеа, пойдории сулҳу субот ва ҳифзи дастовардҳои истиқлолият яке аз вазифаҳои асосии ҳокимияти судӣ ба шумор меравад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон аҳамияти бузург доштани нақши ҳокимияти судӣ дар мустаҳкам кардани қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро қайд мекунанд. Ҳокимияти судӣ фаъолияти худро дар асоси Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикситон, Қонуни конститусионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи  судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон”, дигар санадҳои меъёри ҳуқуқӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмиллалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, ба роҳ мондааст.

Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин қайд карданд: “Имрӯз барои ҷомеа ҳифзи судии пурқувват ва боэътимод беш аз пеш зарур мебошад. Ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро танҳо суде таъмин карда метавонад, ки нерӯманд ва дахлнопазир бошад”.

Баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон маҳз бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якчанд “Барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ” тасдиқ гардид, ки аз ҷумла “Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017 маҳсуб меёбад, ки ин идомаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар асоси Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 апрели соли 2014 таҳия гардидааст. Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ яке аз дастовардҳои муҳими даврони истиқлолият ҷиҳати таҳкими қонуният ва пешрафти ҳокимияти судӣ ба ҳисоб рафта, дар давраҳои пештар аз ҷумла (Иттиҳоди Шуравӣ) чунин барномаҳо ба чашм намерасиданд.

Мақсади асосии Барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ ин таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ, соддагардонии ҷараёни мурофиаи судӣ, баланд бардоштани нақши суд дар ҳифзу ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, ҳимояи манфиати давлат, ташкилотҳо, таъмини қонунияту адолат ва дар заминаи он такмили сохтор ва фаъолияти мақомоти судии кишвар мебошад.

Барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017 бо мақсади идома додани ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар кишвар, таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ, таъмини мустақилият, такмили сохтор ва фаъолияти он, рушди қонунгузории соҳа қабул карда шудаанд.

Вобаста ба қабули барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон судҳо фаъолияти худро дар асоси талаботҳои қонунҳои мурофиавӣ ва замон, ҳамчунин дар ҷараёни густариши муносибатҳои ҷамъиятӣ ба роҳ монда, дар даврони истиқлолият ҷиҳати пешбурд ва қабули муросилот, баррасии босифати парвандаҳо, ҳифзу ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, таъмини иҷрои қарорҳои судӣ, қабули таъинотҳои хусусӣ дар мавриди ошкор кардани сабаб ва шароитҳои содиршавии ҷиноят, дар ин замина пешгирӣ намудани содиршавии ҷиноятҳои нав ва ташкилу баргузор намудани вохӯриву сӯҳбатҳо дар байни аҳолӣ корҳои назаррасро ба анҷом расонидаанд, ки дар ин бора маълумотҳои воқеии оморӣ шаҳодат медиҳанд.

Ҳамин тавр, ба он маънӣ, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, судҳо дар фаъолияти худ мустақил буда, танҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонун итоат мекунанд.

Дар остонаи таҷлили ин Иди муқаддас бо истифода аз фурсати муносиб 28 солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ба мардуми шарифи кишвари соҳибистиқлол самимона табрик гуфта, ба онҳо тандурустиву зиндагии осуда ва ба кишвари азизамон сулҳу суботи абадӣ, ваҳдати ҷовидонаи миллӣ ва пешрафту тараққиёти рӯзафзун орзӯ менамоям.

 

 

Азимов Сарҳад

Котиби маҷлиси судии Суди ВМКБ