Паёми табрикотии раиси Суди ВМКБ Назарзода А.Х.

          Роҳбарияти Суди ВМКБ ҳамаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин сокинони ВМКБ-ро ба ифтихори 26-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки бо талошу заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, сидқан табрик менамояд. Маълум аст, ки дар ҳамаи самтҳои фаъолият ягона нерӯе, ки пешбарандаи ин ё он соҳа шуда метавонанд, ваҳдат мебошад.                                                              Мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол ба Ваҳдати миллӣ, чун ба муқаддасот арҷгузорӣ мекунанд. Маҳз ваҳдат имкони фаровон муҳайё кард, ки рӯзгори халқи тоҷик орому осуда гашта, мардум дар хонаҳои обод ва Тоҷикистони озод зиндагиашонро сипарӣ месозанд.                     Бигзор, Ваҳдати миллӣ дар кишвари хуршеди мо рӯз то рӯз нерӯмандтар гардад ва Тоҷикистони азиз аз қудрати офтоби ваҳдат ҳамеша сарсабз ва гулафшон бошад.

              Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак!