Конститутсия шиносномаи миллати соҳибистиқлоли мо.
Конститутсия шиносномаи миллати соҳибистиқлоли мо.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи раъйпурсии умуми халқӣ санаи 6-уми ноябри соли 1994 қабул гардидааст. Ба ин санади меъёрию ҳуқуқӣ 3 маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шуд, ки ин 26-уми сентябри соли 1999, 22-юми июни соли 2003 ва 22-юми май исоли 2016 мебошанд. Ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои боз ҳам беҳтару хубтар фароҳам овардани шароити мусоид дар қаламрави мамлакат мебошад.
Конститутсия роҳнамо, шиноснома бахтномаи миллати соҳибистиқлоли тоҷикаст. «Имрӯз замоне фаро расидааст, ки дар роҳи бунёди давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ аз сухан ба амал гузарем, аз ин рӯ бе доштани Конститутсия эҷоди ин гунна давлат номумкин аст.» Дар такя ба суханони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд дарҷ сохт, ки асоси пешрафти давлати соҳибистиқлол маҳз аз мавҷудияти Конститутсияи он вобастагии калон дорад. Конститутсия ҳамчун санади меъёрию ҳуқуқӣ, арзиши олии давлатро ифодагараст. Дар он тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, сиёсиву ҳуқуқӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангиву идеологӣ маҳфуз аст.
Дар таърихи давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин маротиба Конститутсияи замони Истиқлол қабул гардид, ки вазъи сиёсиву фарҳангӣ, иқтисодиву иҷтимоии мамлакатро ба куллӣ тағйир дод. Дар сархати ин санади муҳим дарҷ гардидааст, ки Тоҷикистон давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Халқи тоҷик таҷассумгари Истиклолият ва тарафдори сулҳу Ваҳдат ва осоиштагии кишвар мебошад.
Конститутсия ҳуҷҷати сарнавиштсоз аст, зеро онро дар тӯли чандин ҳазорсолаҳо ниёгони мо орзу мекарданд, дар пайи талоши бунёди давлати мустақили соҳибистиқлол, чун имрӯзаи Тоҷикистон буданд. Бо талошу ҷонбозиҳои Пешвои муаззами миллат мо имрӯз соҳиби чунин Ватани тинҷу ором ва Ваҳдату сарҷамъӣ гаштем.
Волоияти қонун маҳз аз мавҷудияти Конститутсия дарак медиҳад. Ҳар як фарди бонангу номуси кишварро мебояд, ки аз ин ҳуҷҷати сиёсӣ – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳравар бошад. Зеро Конститутсия кафолатдиҳандаи ҳуқуқу озодиҳои инсон, аз ҷумла, ҳуқуқ ба таҳсил, ба истироҳат, ба манзил, ҳуқуқ ба озодии виҷдон, дахлнопазирии шахсият ва дигару дигар мебошанд. Конститутсия кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба шумор меравад.
Соҳибистиклолии кишвар замони муносиб барои қабули Конститутсия ба шумор мерафт, зеро ҳангоми дар ҳайати ИҶШС қарор доштани Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 маротиба Конститутсия қабул гардид. Давраи 5-ум ба замони ба даст овардани Истиқлолият рост омад. Конститутсия шиносномаи миллати тамаддунсози тоҷик аст. Маҳз мавҷудияти Конститутсия ва оромишу осудагии мамлакат, ватани моро дар арсаи ҷаҳон маъмулу машҳур кардааст.
Вокеан халқи тоҷик барои ба даст овардани Истиқлолу озодӣ ва Конститутсияи комили кишвар басо ранҷу заҳматҳои зиёде кашида, дар ин масир ҷонбозиҳо намуданд. Бо шарофати Пешвои сулҳпарвари миллат имрӯз миллати тоҷик соҳиби Конститутсия, Истиқлолият, Ваҳдат, сулҳу сарҷамъӣ ва озодӣ гаштааст. Ба кадри ин неъмати бебаҳо расидан, қарзи шаҳрвандии ҳар яки мо мебошад.
Муовини якуми раиси Суди ВМКБ:
Бобизода З.Б.