СӮҲБАТУ ВОХӮРӢ ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХОРУҒ

25 уми феврали соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев вохӯрии судманди судяи Суди ВМКБ Назри Муҳаммадвалӣ ва судяи Суди ҳарбии гарнизони Хоруғ Шарофзода Далер Саҳобиддин бо ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ дар мавзуи «Пешгирии хатарҳои хурофот, ифротгароӣ ва терроризм» баргузор гардид.

Судяи Суди ВМКБ Назри Муҳаммадвалӣ дар баромади худ перомуни хатари таълимоти ғайрирасмии динӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистӣ изҳори назар намуданд.

Ҳамчунин, дар вохӯрӣ Шарофзода Далер, судяи Суди гарнизони ҳарбии шаҳри Хоруғ, маърӯза намуда, доир ба худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, эҳтиром гузоштан ба забони давлатӣ ва фарҳанги миллӣ, инчунин рӯ овардан ба мутолиаи китобҳои илмӣ ва бадеӣ суханронӣ карданд.

Дар фарҷом қайд гардид, ки баргузории чунин вохӯриҳо саривақтӣ буда, баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон муфид мебошанд.